13 уми октябри соли 2020 дар толори МИҲД-и ноҳияи Роштқалъа таҳти раёсати раиси ноҳия Назаршозода Лоиқ ва муовини раиси ВМКБ Амирбекзода Назира ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Роштқалъа дар нӯҳ моҳи соли равон доир гардид. Дар ҷаласа муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, органҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони Ҷамоатҳо ширкат варзиданд.

         Муовини якуми раиси ноҳияи Роштқалъа Вафо Ниёзмамадов оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар 9 моҳ гузориш дод. Аз рӯи масъала раиси ноҳияи Роштқалъа Назаршозода Лоиқ фаъолияти ҳар мудирони идораву муассисаро таҳлил намуд.

Муовини раиси ВМКБ Амирбекзода Назира суханронӣ намуда, ба тамоми шаҳрвандони ноҳияи Роштқалъа барои бо сарбаландӣ гузаронидани маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосгузорӣ намуд. Инчунин дар суханрониаш қайд кард, ки сокинони ноҳияи Роштқалъа дар иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ” омодагии пурра дида, нишон доданд, ки насли навин баҳри ҳимояи ватани азизашон ҳамеша дар сафи пеш мебошанд.

Дар фарҷоми ҷаласа муовини раиси ВМКБ Амирбекзода Назира аз номи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раиси ноҳияи Роштқалъа шаҳодатнома ва  медали ҷашнии “25-солагии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” –ро тақдим намуд. Инчунин ба 4 нафар сарбоз мактуби миннатдорӣ ва ба сержанти хурди Гвардияи миллӣ Ифтихорномаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тантана супорида, ба волидон ин фарзандон, ки содиқона дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намуда истодаанд, изҳори сипос намуд.

                                                                    Шарифаи Бунёд

 

 

 

         

Сад афсӯс, ки боди аҷал риштаи умри яке аз шахсиятҳои баруманд, марди наљиб ва инсони комил, генерал майор, муовини прокурори вилояти Хатлон Бандишоев Миллопарро канда намуд. Рӯзи 7-туми октябри соли равон пас аз бемории на чандон тулонӣ мавсуф ҷон ба ҷонофарин бахшид. Барои миллати тоҷик  аз даст додани чунин шахси ватандӯсту ҳақпарвар, ҳимоягари тамоми манфиатҳои миллӣ, инсони асили ватан, беҳтарин муфаттиши мақомоти прокуратура,  шахси кордон, ҳалолкор, ҳақљўй ва марди хоксор ниҳоят гарону вазнин мебошад.

Номбурда дар тулии фаолияти кориаш сармуфаттиши прокуратура, прокурори шаҳри Конибодом, дар мақомоти Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо корупси, сардори раёсати Агентӣ дар Вилояти Суѓд, муовини сардори раёсати Агентӣ дар Вилояти Суѓд, муовини раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон, муовини раёсати тафтишоти парвандаҳои махсусан муҳим ва соли 2018 муовини прокурори вилояти Хатлон адои вазифа намуда, барои хизматҳои шоёнааш соли 2013 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи- майорро  соҳиб гардид.  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа аз оламро падруд гуфтани чунин як шахсияти нотакрор сахт андўҳгин буда, барои аҳли оила ва хешу табор изҳори ҳамдардӣ менамояд.

Ҷояш ҷаннат ва хонаи охираташ обод бошад!

 

Раиси ноҳияи Роштқалъа                        Назаршозода Л

Қабули шаҳрвандон

Раиси ноҳияи Роштқалъа

НАЗАРШОЗОДА Лоиқ Мирак 
Рузҳои қабул:
рузи Сешанбе, 
аз соати 10:00 то 12:00
рузи Шанбе, аз соати 08:00 то 12:00

Роҳбарон

НИЁЗМАМАДОВ  Вафобек Элчибекович
Муовини якуми раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.:
 
ГУЛАМАДШОЗОДА Роза Иқболшо
Муовини раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.:
МАМАДРАИМОВ Занҷирқул
Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.: