Расо 21 сол пеш, замоне, ки Муҳиддин Кабирӣ узви раёсати ҲНИ буд, бо амри ин ҳизб каллабур-килеронаш дар Душанбе тавонотарин журналисти тоҷикро куштанд. Имрӯз шарм надошта, дар Аврупо, ҳамин нафар даъвои демократияву озодии баён дорад...

Намудам умр сарфи ҳақталошиҳову ҳақгӯӣ,

Чу ҳақ пайдо нашуд рафтам, маро дигар чӣ меҷӯӣ...

(Аз катибаи санги мазори Ҷумъахон Ҳотамӣ)

 4 июли соли 1999, дар канори шаҳри Душанбе дар натиҷаи ҳамлаи муташаккилона аз ҷониби афроди номаълум сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Ҷумъахон Ҳотамии 42-сола ба таври фоҷиавӣ ба қатл расонида шуд. Ҷумъахон Ҳотамӣ шурӯъ аз соли 1993 то лаҳзаи ба шаҳодат расиданаш барномаи ҳарҳафтаинаи телевизионии "ВКД хабар медиҳад”-и дафтари матбуоти ВКД-и кишварро дар шабакаи 1 роҳбарӣ ва ровигӣ менамуд. Барномаи мазкур, асосан фаъолияти ваҳшиёнаи гурӯҳҳои исломгароёни ифротиро фош сохта, онҳоро шадидан интиқод мекард ва  инчунин бо далелҳои мушаххас ин тоифаи сияҳкорро дар тиҷорати яроқ, харидуфурӯши маводи мухаддира, одамкушиву одамрабоӣ ва содир намудани дигар ҷиноятҳои махсусан калон айбдор менамуд. 

 Ҷумъахон Ҳотамӣ кӣ буд?

Ҷумъахон Ҳотамӣ 31 августи соли 1957 дар ноҳияи Шӯрообод ба дунё омадааст. Соли 1974 баъди хатми мактаби миёна ба факултаи шарқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон шомил шуда, соли 1980 онро бомуваффақият хатм кардаст. Мутахассиси забони арабӣ буд. Ӯро муаллимони ин факулта Комил Мусофиров ва Ситам Раҳимов ҳамчун “яке аз беҳтарин донандагони забони арабӣ”  медонистанд.  Дар кишварҳои Ироқ,  Либия ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба сифати тарҷумон адои вазифа кардааст. Ба вежа 2 соли хизмат дар Афғонистон (с.1987-1989) омили асосии рӯ овардани Ҷумъахон ба сиёсат ва сабаби асливу усулии бархостани ӯ ба муборизаи беамон бар муқобили ифротгароёни наҳзатӣ гардид. Зеро, Ҳотамӣ маҳз дар Афғонистон шоҳиди бевоситаи харобсозиву сияҳкорӣ, табаҳсозиву вайронкорӣ, куштору ғорат, хонасӯзиву ваҳшонияти ин гурӯҳи ҷоҳил гашта, аз ҳадафу мақсадҳои нопокашон ба хубӣ огаҳӣ пайдо карда буд.

 Қазияи Ҳунаристони № 58

Ҳотамӣ дастпарвари мактаби замони шӯравӣ буд ва мисли аксари дигар ҳамсолонаш таҳти таъсири идеология ин мактаб бузург шуда, ба Ҳукумати шӯравӣ ва ғояҳои инсонпарваронаи он эҳтироми вежа дошт. Кизбу дурӯғу риёву тӯҳмату иғворо намеписандид. Ҳамеша омода буд, ки бар муқобили хурдтарин беадолативу ноҳақӣ садо баланд кунад. Ҷони худро ба хатар мегузошт, аммо талош мекард, ки ҳақиқат тантана кунад ва ҳақ ба соҳибаш бирасад. Пас аз баргаштанаш аз Афғонистон Ҷумъахон Ҳотамӣ як давраи муайяне дар ҳунаристони № 58 шаҳри Душанбе  дар вазифаи ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ адои вазифа намуд. Дар ин давра як гурӯҳи худхоҳ, ки усулан адоваташон аз маҳалбозӣ сарчашма мегирифт, бо мақсади беобрӯ сохта, аз вазифа сабукдӯш кардани директори вақти омӯзишгоҳ (хато накунам насабаш Сироҷов буд) бар муқобилӣ ӯ байкот эълон карданд. Сироҷов бошад, инсони бошараф, ростқавл ва поквиҷдон буд. Аз байни ҳамкорон ягона касе, ки бар дифои ӯ бархост ин Ҷумъахон Ҳотамӣ буд, ки ҳамкоронаш ҳанӯз хуб ӯро намешинохтанд. Қазия то куҷоҳое, ки тӯл накашид, вале Ҷумъахон бо хӯю хислати ҷавонмардонаву ҳақбинонаи худ, аз обурӯ ва ҳайсияти директор ҳимоя намуд ва нагузошт, ки аз як тӯдаи худхоҳе ба ин  инсони шарафманд зиёне бирасад. Он гунае, ки худи Ҳотамӣ дар як навиштааш қайд мекунад, ин қазия нахустин ғалабаи комили ӯ бар беадолатӣ буд.

 Ҳикмати сафарҳо

Ҳотамӣ бештар аз 7 соли умри кӯтоҳи худро дар сафарҳо ва дар давлатҳои хорҷӣ гузаронид. Ӯ ҳар куҷое буд, меомӯхт, хулоса мебаровард ва ба муаммоҳои сарбаста ҷавобҳо меҷуст. Сафарҳои пайдарҳами дуру дароз, минтақаву фарҳанг ва сохти гуногун, миллатҳои аз ҷиҳати инкишоф дар сатҳи мухталиф қарордошта, Ҳотамиро ба сафире, сиёсатмадоре, тадқиқгаре табдил доданд. Байни ҳамкорону ҳамхизматон соҳиби эҳтироми вежа буд. Дар ҳалли бисёре аз масоили пайдогашта, маҳз ӯ машваратчии асосӣ ба ҳисоб мерафт. Волии вилоятҳои Ҳироту Ғӯр ва Бодғиси Афғонистон оғои Файз Аҳмади Холиқёр, ки баъдтар Сарвазири Афғонистон таъин шуд, ба Ҷумъахон эҳтироми зиёд дошт. Қумандони ливои 4 қувваи сарҳадии Афғонистон, генерали шаҳид Муъмин, ки худ низ ҷавони шердилу поктинат ва содиқу худфидо буд, бо Ҳотамӣ риштаи дӯстӣ дошта, ӯро бародарвор эҳтиром мекард.  

 “Ихвон-ул-муслимин” –падари ҲНИ

Дарки дарди миллат, хатари ба сари мардум омада,  ки Ҳотамӣ онро бо ақлу фаросат эҳсос кард, ӯро водор намуд, ки худро ба сиёсат занад. Ҷӯмъахон аввалин касе буд, ки нотарсона ҳаводиси моҳи февралии солҳои 90-умро мӯшикофона таҳлил карда, мардумро аз мавҷудияти гурӯҳи сияҳкоре бо номи  “Ихвон-ул-муслимин” огоҳ сохт. Борҳо таъкид ба таъкид дар мақолаҳояш аз ниятҳои бади ин гурӯҳи ифротӣ ба мардум ҳушдорҳо медод. Ҳотамӣ, ки худ арабшинос, шарқшинос буд, симои воқеии сабабгорони асосии фоҷиаи мардуми тоҷик – ташкилотҳои “Ихвон-ул-муслимин”, “Ал-қоида” ва “Ҳизбуттаҳрир”-ро медонист. Зеро ӯ ба фаъолияти ин ташкилотҳои ифротгаро дар Ироқу Либия ва инчунин дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бармало шинос шуда буд. Инҳо ҳамон ташкилотҳои ифротгарое ҳастанд, ки аз никоҳи якҷояашон Ташкилоти дар Тоҷикистон мамнуъшудаи “Ҳизби наҳзати исломӣ”-ро ба майдони ҳастӣ оварданд. 

 Хулосабардориҳои Ҳотамӣ

Ҳақ ба ҷониби яке аз ҳамсагарон ва дӯстони наздики Ҳотамӣ - доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Носир Назаров аст, ки бораи Ҷумъахон менависанд: “Аз нигоҳи инфиродии ман, Ҳотамӣ нахустин шахсе буд, ки аз зуҳури ин ҷоҳилон бонги хатар зад. Зеро, ӯ мефаҳмид, ки ин деви ҷаҳолат, ки имрӯз дар Тоҷикистон сар бародвардааст, фардо метавонад ҳама хушку тарро ба коми бетагаш фурӯ барад. Агар истеъдоди Ҷумъахон ва қаламу сухани буррояш намешуд, аҷаб набуд, ки мардуми тоҷик ба доми фиреби ашхоси ҷиноятпеша сахт гирифтор мегашт ва вақте ба чунин ҳалқа афтодан табиист, ки аз он раҳо шудан дигар кори осон нест. Хушбахтии халқи тоҷик буд, ки чунин ҷавонмардони фидокор пайдо шуда, қалбашонро чун қаҳрамони ҳикоёти Горкий – Данко машъал сохтанду роҳи наҷоти мардумро дар Тоҷикисон фурӯзон карданд”.

 Ҷасорати Ҳотамӣ

Баробари аз ҷониби асолатбохтагони наҳзатӣ шурӯъ гаштани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ва ба харбокориҳои гӯшношунид даст задани онҳо, Ҳотамӣ пурра вориди майдони  мубориза шуд. Зеро ӯ ҷасорату шуҷоати мардонагӣ ва ҳисси баланди Ватандӯстӣ дошт. Имрӯз баромадҳои ӯро тавассути садову симо ва нашрияву маҷаллаҳо ба хотир оварда, ба масале “бадани кас мурғак медамад” ва бори дигар ба далериву шуҷоати он ҳама ҷавонмардоне, ки дар ҳифзи Ватан ва барои суботи кишвар ҷонфидоиҳо кардаанд, аҳсан мехонед. Ӯ дар лаҳзаҳое, ки ҳазорон наҳзатии ақлбохтаи сар то ба по мусаллаҳ, дар паи ҷисман нест карданаш буд, аз гуфтани сухани ҳақ намеҳаросид. Ман имрӯз ҳайрони онам, ки чаро дар ТВҳо, дар радиоҳо, дар газетаву маҷҷалаҳоямон дигар чунин журналистон надорем?! 

Маъзарат, аммо кор то ҷое расидааст, ки Худо нокарда аз дили Аврупо ягон фейке таҳдид кунад, бисёриҳо мисли шутурмурғ сар ба қум пинҳон мекунанд. Ба назар мерасад, чунин гумон  мекунанд, ки худ нодида бигиранд, онҳоро низ намебинанд ва ҳамин тур пушти “Маркази матбуоти ниҳодҳои номаълум” руст мешаванд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамасола аз буҷаи Ҳукумат миллионҳо сомонӣ барои нигаҳдошт ва роҳандозии фаъолияташон ҷудо мегардад. Мутаассуфона, набудани ҳотамиҳо дар ВАО-и имрӯзӣ, майдони баҳсҳои иттилоотиро барои гурӯҳҳои фиротӣ фарохтар намудаст. 

 Ҳабиб Юсуфии ҷанги гражданӣ

Бояд эътироф сохт, ки бадхоҳон дар сурати Ҷумъахон 1 шахсияти тавонои сиёсиро шинохта буданд. Чунки ӯ метавонист бо қаламу сухан ва истеъдоди худ садди роҳашон шавад. Шояд баъди садсолаҳо одамон воқеияти ҳаводиси даврони мо ва адабиёту журналистикаи имрӯзиро омӯхта, таҳлил кунанд. Он замон мефаҳманд, ки хизматҳои Ҷумъахон дар назди Ватану Миллат ва давлату Ҳукумат дар кадом пояанд. Ин ҷо низ ҳақ ба ҷониби доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Носир Назаров аст, ки мегӯяд: “Аҳамияти сухану қалами Ҷумъахонро аз ҷиҳати ватандӯстиву оташсуханӣ фақат ба Абдулқосим Лоҳутӣ ва Ҳабиб Юсуфӣ муқоиса кардан имкон дораду халос. Ӯ мардумро аз хоби гарон, аз ҷаҳолат бедор карда тавонист ва ба мубориза даъват намуд, аммо қотилон садди роҳаш шуданд”.

 Қатли Ҳотамӣ

Билохира, рӯзи 4 июли соли 1999 бо супориши роҳбарони гурӯҳи наҳзати исломӣ Ҷумъахон Ҳотамӣ ба қатл расид. Ин куштор дар васоити ахбори оммаи ҷаҳонӣ мавриди таваҷҷӯҳи вежа қарор гирифт ва расонаҳои зиёди байналмилалӣ дар борааш матлабҳо навиштанд. Аз ҷумла, ҳамоҳангсози барномаҳои маркази осиёӣ ва аврупоии Кумитаи байналмилалии ҳифзи рӯзноманигорон- Александр Люпис менависад: “Як гурӯҳ рӯзноманигорони тоҷик, ки 1 ҳафта пас аз куштори Ҷумъахон Ҳотамӣ  ба ҷаласаи Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон ба Ню –Йорки Амрико омаданд, Ҳотамиро барои касбият ва далерияш бисёр боэҳтиромона ёд мекарданд ва ҳамчунон қисса мекарданд, ки худи Ҳотамӣ борҳо дар барномаҳояш ошкоро изҳор кардааст, ки эҳтимолан рӯзе барои интиқом аз раҳбарони гурӯҳҳои ифротгарои наҳзатӣ ва тиҷораткунандагони маводи мухаддиру яроқу аслиҳа, ки номҳояшон дар барномаҳои ӯ ошкоро садо медиҳанд, кушта хоҳад шуд. Азбаски Ҳотамӣ корманди масъули Вазорати корҳои дохилӣ буд, оҷонсиҳои хабарии ғарбӣ, баръакси расонаҳои маҳаллӣ, аз ӯ ҳамчун аз журналист ном намебурданд”.

Нуралӣ Хоркашев

Махсус барои СССР

 


Қабули шаҳрвандон

Раиси ноҳияи Роштқалъа

НАЗАРШОЗОДА Лоиқ Мирак 
Рузҳои қабул:
рузи Сешанбе, 
аз соати 10:00 то 12:00
рузи Шанбе, аз соати 08:00 то 12:00

Роҳбарон

НИЁЗМАМАДОВ  Вафобек Элчибекович
Муовини якуми раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.:
 
ГУЛАМАДШОЗОДА Роза Иқболшо
Муовини раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.:
МАМАДРАИМОВ Занҷирқул
Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.: