ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Қонуни конститутсионии мазкур вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро ҳамчун бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ, бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, суботу пойдории давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон, муқаррар мекунад.
Моддаи 1. Мавзӯи танзими Қонуни конститутсионии мазкур Қонуни конститутсионии мазкур дар баробари салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардаанд, инчунин мафҳум ва вазъи сиёсиву ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, имтиёзу кафолатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ӯро дар давраи фаъолият ва баъди қатъ гаштани фаъолияти президентиаш муқаррар менамояд.
Моддаи 2. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат 1. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст. 2. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. 3. Ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кардааст, эътироф карда мешавад. 4. Нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат маҳдудияти бештар аз ду муҳлат пай дар пай интихоб шудан ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намегардад.
Моддаи 3. Салоҳияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат 1. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат вобаста ба хизматҳои бузурги таърихиаш дар назди халқу давлати Тоҷикистон чунин салоҳиятро якумра доро мебошад: - ба халқи Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор оид ба масъалаҳои муҳими сохтори давлатӣ, амнияти кишвар, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ муроҷиат намояд, ки ба инобат гирифтани онҳо барои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳатмӣ мебошад; - дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаҳои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, оид ба масъалаҳои баррасишаванда суханронӣ намояд; - дар ҳолати ба вуҷуд омадани буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои ҳалли онҳо мусоидат намуда, машварату маслиҳат диҳад. 2. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ҳамчун Президенти собиқ узви якумраи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мебошад. 3. Барои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар толори ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаҳои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи махсуси ифтихорӣ ҷудо карда шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда мешавад. 4. Масъалаҳои муҳими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мувофиқа карда мешаванд.
Моддаи 4. Таъсиси орден ва ҷоизаи давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат 1. Ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои содиқонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар назди Ватан чунин орден ва ҷоиза таъсис дода мешаванд: - ордени «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон», ки барои хизматҳои шоён дар фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешавад; - ҷоизаи давлатии «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон», ки ҳар се сол барои ҳиссаи арзанда дар рушди демократия, таҳкими сулҳу суботи ҷомеа ва дӯстии байни халқҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда мешавад. 2. Тасвири ордени «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон» ва тартиби сарфарозгардонӣ бо онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. 3. Ордени «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон» дорои имтиёзҳое мебошад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст. 4. Низомномаи ҷоизаи давлатии «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 5. Дахлнопазирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат 1. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва аъзои оилаи ӯ ҳуқуқи дахлнопазирӣ доранд. 2. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат барои амалҳояш дар давраи иҷрои ваколатҳои Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва салоҳияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба ҷавобгарӣ кашида намешавад. 3. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро дастгир намудан, ба ҳабс гирифтан, кофтуков кардан ва маҷбуран овардан манъ аст. 4. Дахлнопазирӣ ба моликият, ҳамчунин моликияти аъзои оила, ба манзили истиқоматӣ, бинои хизматӣ, нақлиёт, воситаҳои алоқа, мукотиба ва ҳуҷҷатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат татбиқ мегардад. Ба моликияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва аъзои оилаи ӯ ягон маҳдудият гузошта намешавад. 5. Сирри бонкӣ ва дахлнопазирии ҳисобҳои бонкии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва аъзои оилаи ӯ кафолат дода мешавад.
Моддаи 6. Таъмини фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат 1. Барои таъмини фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат баъди қатъ гаштани ваколати президентиаш бинои хизматӣ ҷудо карда шуда, Дафтардории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат таъсис дода мешавад. 2. Сохтор ва басти вазифавии Дафтардории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муқаррар карда мешаванд. Кормандони Дафтардорӣ мақоми хизматчии давлатиро доранд. 3. Барои Дафтардории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар қисмати марказии пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе ва дар зодгоҳаш биноҳои алоҳидаи корӣ ҷудо карда мешаванд, ки онҳо бо таҷҳизоти зарурӣ, воситаҳои техникию коммуникатсионӣ, алоқа ва нақлиёт таъмин мегарданд. 4. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат барои мулоқотҳои расмии худ ҳуқуқ дорад аз толорҳо ва қароргоҳҳои ҳукуматӣ истифода намояд. 5. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат бо шиносномаи дипломатӣ ройгон таъмин карда мешавад. 6. Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон толорҳои ҳайатҳои расмӣ ройгон хизмат мерасонанд. 7. Бо дархости Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар радио ва телевизиони давлатӣ дар вақти ба ӯ мувофиқ вақти эфирии ройгон ҷудо карда мешавад.
Моддаи 7. Таъмини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат бо воситаҳои алоқа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ҳуқуқ дорад дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон якумра аз воситаҳои алоқаи ҳукуматӣ ва дигар намуди алоқа ройгон истифода намояд. Тамоми намудҳои хизматрасонии алоқа дар доираи хизматрасонии ҳукуматӣ амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 8. Таъмини амнияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат 1. Ҳаёт, саломатӣ, озодӣ ва шаъну шарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Шахсоне, ки ба ҳаёт, саломатӣ, озодӣ ва шаъну шарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат суиқасд мекунанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. 2. Таъмини амнияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба мақомоти давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад. 3. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар ҷойи будубоши доимӣ ва муваққатӣ бо ҳимояи якумраи давлатӣ таъмин карда мешавад. 4. Аъзои оилаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат бо ҳимояи давлатӣ таъмин карда мешаванд.
Моддаи 9. Таъмини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат бо манзили истиқоматӣ Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, ки ваколати президентиаш қатъ гардидааст, хонаи истиқоматӣ ҳамчун моликияти хусусӣ ва бӯстонсарои давлатӣ бо хизматрасонии зарурии давлатӣ ҷудо карда мешаванд.
Моддаи 10. Таъмини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат бо нақлиёт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат баъди қатъи ваколати президентиаш якумра бо автомашинаи хизматӣ ва ронанда таъмин карда мешавад.
Моддаи 11. Хароҷот вобаста ба намояндагӣ ва ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба давлатҳои хориҷӣ 1. Хароҷот вобаста ба намояндагӣ ва ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба давлатҳои хориҷӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт карда мешаванд. 2. Ташкил ва омодасозии ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба давлатҳои хориҷиро Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.
Моддаи 12. Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат 1. Бо мақсади амалӣ намудани иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат таъсис дода мешавад. 2. Ҳаҷми Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар буҷети давлатӣ барои соли тақвимӣ муайян карда мешавад. 3. Тартиби ихтиёрдорӣ намудани маблағҳои Фондро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 13. Осорхона, китобхона, бойгонӣ ва муҷассамаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат 1. Дар давраи иҷрои ваколати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат осорхона, китобхона ва бойгонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат таъсис дода мешаванд. 2. Осорхона, китобхона ва бойгонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат сарвати миллӣ буда, моликияти давлатӣ ба шумор мераванд. 3. Дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зодгоҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат осорхонаҳо таъсис дода мешаванд. 4. Дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зодгоҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат пас аз вафоташ муҷассамаи ӯ гузошта мешавад.
Моддаи 14. Таъмини хизматрасонии тиббӣ ва табобатию истироҳатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат пас аз қатъи ваколати президентиаш якумра хизматрасонии ройгони тиббӣ ва табобатию истироҳатӣ, ки дар давраи иҷрои ваколати президентиаш таъмин карда мешуд, нигоҳ дошта мешавад.
Моддаи 15. Таъмини нафақа, суғуртаи ҳаёт ва саломатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат 1. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, ки ваколати президентиаш қатъ гардидааст, бо нафақаи ҳармоҳа ба андозаи 80 фоизи музди меҳнати моҳонаи Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда мешавад. 2. Ҳаёт ва саломатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, ки ваколати президентиаш қатъ гардидааст, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба андозаи музди меҳнати солонаи Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон суғуртаи ҳатмии давлатӣ карда мешаванд.
Моддаи 16. Сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва дигар масъалаҳои таъмини фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат 1. Хароҷоти дар Қонуни конститутсионии мазкур пешбинишуда, аз ҷумла барои орден ва ҷоизаи давлатии «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон», Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, нигоҳдории Дафтардорӣ, осорхона, китобхона ва бойгонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт карда мешаванд. 2. Хизматрасонии тиббӣ, табобатию истироҳатӣ, манзилӣ, нақлиётӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ таъмин карда мешавад.
Моддаи 17. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 18. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2015 «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, №12, қ.1, мод. 1105) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 19. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни конститутсионии мазкур Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 14 ноябри соли 2016, № 1356
ҚАРОРИ
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 1. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» қабул карда шавад. 2.
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2015, № 257 «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, № 12, қ. 1, мод. 1156) аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 26 октябри соли 2016, № 580
ҚАРОРИ
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад: Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ҷонибдорӣ карда шавад. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ ш. Душанбе, 8 ноябри соли 2016, № 290