ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ САДА
Шарифаи Бунёд
Боиси сарфарозист, ки маҳз тавассути ташаббусҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расму оинҳои неки ниёгон, ки барои рушди тамаддуни башарӣ хидмат намуданд, аз нав эҳё гардиданд, ки дар байни онҳо ҷой ва мақоми се ҷашни миллию мардумӣ – Наврӯз, Меҳргон ва Сада хосса мебошад. Ин се ҷашн аслан мужда аз фарорасии баҳор мебошанд.Имрӯзҳо дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ҷашни бузурги Сада бо тамоми шукӯҳу шаҳомат таҷлил гардид.
Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифташуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро ташкил менамуд. Иди Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон одатан муждае аз наздик расидани баҳор меовард. Мардум, бахусус деҳқонон дар шаби Сада бори дигар бузургдошти Худои гармию фурӯғи миноӣ Митра (Меҳр)-ро ёдоварӣ намуда, ба поси он гулханҳои бузург меафрӯхтанд ва шодиву хушҳолӣ менамуданд. Сада аслан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонад.
Мувофиқи ривояти дар «Шоҳнома» овардашуда, Ҳушанг шоҳи пешдодиён ин ҷашнро асос гузоштааст. Гӯё Ҳушанг ҳамроҳи дарбориёнаш дар саҳро ба море дучор меояд. Ҳушанг сӯйи мор санг меандозад. Санг бар санги дигар бархӯрда аз он оташак меҷаҳад ва ба ҳамин васила оташ кашф мегардад. Минбаъд одамон ба ҳамин муносибат оташ афрӯхта ба он саҷда мекарданд.
Чун дигар манотиқи Ҷумҳурӣ ноҳияи Роштқалъа низ ин ҷашни миллиро бо тамоми расму русум ва одатҳояш таҷлил намуданд. Ҷашни Сада аз намоиши фурӯши маъсулотҳои кишоварзӣ, ҳунарҳои дастии мардуми ноҳия оғоз ёфта, сипас дар пеши бинои хонаи фарҳанги ноҳия гулхан афрӯхта шуд. Ба сардиҳои ҳавои дай нигоҳ накарда сокинони ноҳия бо рӯйи болида ва табъи хуш дар ҷашни аҷдодӣ ширкат намуданд ва бо рақсу хурсандӣ ба ҷашнгоҳ ҳусни дигарро зам карданд.
Муовини якуми раиси ноҳияи Роштқалъа муҳтарам Вафо Ниёзмамадов ҳамагонро ба фарорасии ин санаи фархунда шодбош намуда, қайд кард, ки эҳёи суннатҳои қадимаи мардуми тоҷик худ як ифтихори беандоза аст барои мардуми мо. Ва баъди барномаи фарҳангӣ муовини якуми раиси ноҳия бо дигар масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз намоиши маъсулоти Ҷамоатҳои деҳот дидан намуд. Барои ба намоиш гузоштани дастовардҳои беҳтарин муовини якуми раиси ноҳия ба ҳамагон сипосгузорӣ намуда, барои беҳтарин намоиши маъсулотҳои мардумӣ ва кишоварзӣ Ҷамоати Роштқалъаро беҳтарин арзёбӣ намуд ва ҷойи аввалро ба ин Ҷамоат сазовор донист.