Муроҷиатнома ба раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва рӯзноманигор Раҷаби Мирзо аз номи сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Хуросон

Мо — сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Хуросон ба раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва рӯзноманигор Раҷаби Мирзо муроҷиат карда, гуфтанием, ки аз расонаӣ ва халалдор кардани ҳаёти осудаи мо даст бардоред ва ба ҳангомае, ки гӯё Ҳукумати Тоҷикистон моро дастгирӣ ва нисбати мо ғамхорӣ намекунад, хотима диҳед.

Албатта, чунин ҳодисаи ногаҳонии табиӣ ба руҳу равони сокинони мавзеи аз офати табиӣ зарардида таъсир расонид. Мардум ба кумаки моддиву маънавӣ ниёз доштанд. Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ситоди фаврӣ ташкил карда шуда, сокинони мавзеи офатзада сари вақт бо хаймаҳои муваққатӣ, ғизо ва таҷҳизоти муҳими рӯзгузаронӣ таъмин карда шуданд. Қитъаҳои замин барои бунёди манзили зист ҷудо гардида, масолеҳи сохтмонӣ пурра дастрас карда шуда, корҳои бунёдсозӣ ҷараён дорад.

Дар радифи дастгириҳои роҳбарияти давлат дастгириву саховатмандии шахсони миллатдӯст низ ба мушоҳида расид, ки изҳори сипос ва миннатдорӣ мекунем. Вале рафтори баъзе аз хабарнигорон боиси нигаронии мо — сокинони ноҳия гардидааст. Хабарнигори ҳафтаномаи «Азия Плюс» Абдудуллоҳи Ғурбатӣ (Ғурбатов Авазмад) бархилофи хоҳиши мо — сокинони аз офати табиӣ зарардида, ба дахлнопазирии хаймаҳои зисти муваққатиамон эътибор надода, хост вориди хайма гардида, ҳамсару духтарон ва фарзандони ноболиғамонро, ки онҷо қарор доштанд, ба навор гирад. Номбурда бо ин рафтораш шаъну шарафи занону кӯдакони моро паст зада, мехост моро ҳақиру нотавон муаррифӣ кунад. Ӯро касе латукӯб накардааст. Занону духтарони баномус ӯро аз назди хаймаҳо ронданд.

Муҳтарам раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва рӯзноманигор Раҷаби Мирзо, барои чӣ шумо як рӯзноманигореро, ки оромии зиндагии моро халалдор менамояд, ҳимоя карда, мо мардуми одӣ, деҳқон, камбизоат, азиякашидаву зарардидаро одам ҳисоб намекунед? Чун соҳиби калом ҳастед, моро ақаллан маънаван дастгирӣ карда, руҳбаланд намоед, ҳамин барои мо кифоя аст.

Мо — сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Хуросон бо итминони комил гуфта метавонем, ки агар як нафар аз мо бо даъвою ҳаракатҳои ғайриқонунии хабарнигори «Азия Плюс» аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷавобгарӣ кашида шавад, мо дастаҷамъона рафта дар бари ӯ меистем ва бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ ба тамоми мақомоти дахлдор муроҷиат карда, намегузорем ӯ беҷазо монад. Ба шахсони ҳимоятгари Абдуллоҳи Ғурбатӣ муроҷиат карда мегӯем, ки дар ҳолати ҳуқуқу манфиатҳои моро нодида гирифтан, аз болои шумо ба додгоҳ шикоят мекунем.

Аз номи сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Хуросон, Амиров Саидаҳмад, Сафоев Фирӯз, Қараев Шермуҳаммад, Олимова Фирӯза, Табаралиева Зебо, Бобоева Зулайхо, Пиров Маҳмадраҳим ва дигарон


Қабули шаҳрвандон

Раиси ноҳияи Роштқалъа

НАЗАРШОЗОДА Лоиқ Мирак 
Рузҳои қабул:
рузи Сешанбе, 
аз соати 10:00 то 12:00
рузи Шанбе, аз соати 08:00 то 12:00

Роҳбарон

НИЁЗМАМАДОВ  Вафобек Элчибекович
Муовини якуми раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.:
 
ГУЛАМАДШОЗОДА Роза Иқболшо
Муовини раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.:
МАМАДРАИМОВ Занҷирқул
Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.: