РАФТИ ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ
Шарифаи Бунёд
Таҳти раёсати муовини якуми раиси ноҳияи Роштқалъа Вафо Ниёзмамадов дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки масъулини идораву муассисаҳо рафти зимистонгузаронӣ дида баромада шуд.
Вобаста ба рафти зимистонгузаронӣ мудирони шуъба ва идораҳо гузориши хешро баррасӣ намуданд.
Дар фарҷоми ҷамъбаст муовини якуми раиси ноҳия Вафо Ниёзмамадов суханронӣ намуда, оиди бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва баҳри фаъолияти пурсамари минбаъда ба масъулини идораву муассисаҳо дастурҳои мушаххас дод.