ҶАЛАСАИ ВАСЕИ НАЗДИ РАИСИ НОҲИЯИ РОШТҚАЛЪА
Шарифаи Бунёд.
Рӯзи 4 уми феврал дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси васеи назди раиси ноҳияи Роштқалъа баргузор гардид. Мувофиқи супориши раиси ноҳия мудироне, ки ба шаҳри Душанбе сафари хизматиро анҷом медиҳанд, аз натиҷаи корӣ худ дар ҷаласаи Ҳукуматӣ маълумоти мушаххас баррасӣ менамоянд. Аз ин хотир дар оғози ҷаласа мудироне, ки дар Паёми имсола, ки ба Маҷлиси Олӣ баррасӣ гардида буд ширкат доштанд, муҳтавои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вобаста ба нуктаҳои муҳими Паёми навбатӣ фикру андешаҳои хешро иброз дошта, аз мудирони идораву муассисаҳо даъват ба амал оварданд, ки дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат дар ҳама самтҳо муҳиму саривақтӣ буда, мо роҳбарони идораҳоро зарур аст, ҳар як банди дар Паём ироашударо дар амал татбиқ намоем.
Инчунин масъалаҳои асосие, ки ҳалталаб дар ноҳия буданд, барои ҳалли онҳо аз тарафи раиси ноҳияи Роштқалъа муҳтарам Назаршозода Лоиқ ба масъулин вазифасупорӣ гардид. Махсусан ба мудири шуъбаи маориф барои ташкили яслӣ-боғчаҳои бачагона, аз таъмир баровардани хона-интернати марказӣ ва дигар масъалаҳои зарурӣ раиси ноҳия супоришҳои қатъӣ доданд. Бояд қайд кард, ки дар ҷаласа масъалаҳои дигари нақшавӣ дида баромада шуданд ва барои ҳалли ҳамаи масъалаҳо ҳамагуна тадбирҳо андешида шуданд.