Пулиси Австрия ҷустуҷӯйи шарикони эҳтимолӣ ва ташвиқгарони идеологии тирандози Венаро идома медиҳад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии Euronews.

То ҳол аз боздошти ҳашт нафар хабар дода шудааст. Онҳо дар расонидани кумак ба ҷинояткор дар омода намудани ҳамлаи террористии 2 ноябр гумонбар дониста мешаванд. Чор нафари онҳо қаблан бо моддаҳои терроризм маҳкум шудаанд.

Рӯзи ҷумъа мақомот қарори бастани масҷидҳои радикалиро содир намуд. Ин қарор ба асоси иттилооти хадамоти истихборот қабул шудааст. Мутобиқи он Куйтим Фейзулай ба ду масҷиди пойтахт мунтазам рафту омад доштааст. Тахмин мешавад, ки маҳз ҳамин ташрифҳо барои ба радикализм рӯй овардани ӯ мусоидат кардаанд.

Вазири умури дохилаи Австрия Карл Неҳаммер инчунин дар бораи барканории роҳбари Дафтари федералии ҳифзи конститутсия хабар додааст. Ӯро барои содир кардани амалҳои хилофи назокат пас аз дарёфти маълумот аз хадамоти махсуси хориҷӣ маломат мекунанд. Аз ҷумла, аз Словакия дар бораи кӯшиши Фейзулай барои ба даст овардани лавозимоти ҷангӣ хабарҳо ворид шуда буданд. Бо вуҷуди ин, ӯ зери назорат гирифта нашуда буд.

Хабар дода мешавад, ки дар як қатор шаҳрҳои немисӣ дар Саксонияи Поён, Ҳессен ва Шлезвиг-Ҳолштейн дар манзилҳо ва дафтарҳо кофтуков гузаронида  шудааст. Дар он ҷо чор ҷавон кору зиндагӣ мекунанд, ки тибқи фарзияи тафтишот, онҳо бо ҳамлагар мулоқотҳо кардаанд. Ду нафари онҳо, эҳтимол тобистон ба аёдати ӯ ба Вена омадаанд.

Куйтим Фейзулаи 20-сола — зодаи Македонияи Шимолӣ, инчунин дорои шаҳрвандии Австрия, барои кӯшиши пайвастан ба ДИИШ дар Сурия маҳкум ва аввали соли гузашта қабл аз муҳлат озод шуда буд. Рӯзи душанбе ӯ дар маркази Вена ба тирпарронӣ шурӯъ кард, ки дар натиҷа чор нафар кушта ва беш аз 20 нафар маҷрӯҳ шуданд ва полис ӯро паронд.

 

Қабули шаҳрвандон

Раиси ноҳияи Роштқалъа

НАЗАРШОЗОДА Лоиқ Мирак 
Рузҳои қабул:
рузи Сешанбе, 
аз соати 10:00 то 12:00
рузи Шанбе, аз соати 08:00 то 12:00

Роҳбарон

НИЁЗМАМАДОВ  Вафобек Элчибекович
Муовини якуми раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.:
 
ГУЛАМАДШОЗОДА Роза Иқболшо
Муовини раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.:
МАМАДРАИМОВ Занҷирқул
Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.: