Шарифаи Бунёд
Имрӯз таҳти раёсати раиси ноҳияи Роштқалъа муҳтарам Назаршозода Лоиқ дар бинои МИҲД- и ноҳия ситоди доимоамалкунанда оиди даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд. Дар ситоди доимоамалкунанда Комиссариати ҳарбии ноҳияи Роштқалъа, раисони Ҷамоатҳои деҳотҳо ва мудирони шуъбаҳо аз рафти омодагӣ ба ин маъракаи муҳим ахборот доданд, ки аз маълумотҳояш маълум гардид, ки даъвати баҳорӣ бо муваффақият анҷом дода мешавад. Раисони Ҷамоатҳо ва Комиссариати ҳарбӣ ба сухан баромада бо боварӣ ваъда доданд, ки дар мӯҳлати муқарраршуда нақшаи даъвати баҳориро пурра таъмин хоҳанд кард. Раиси ноҳия дар фарҷом ба ҳама масъулин вазифаҳои қатъӣ супорида, барои ҳалли натиҷаи он талаб намуд, ки дар ҳар рӯз ба роҳбарияти Ҳукумат ахборот диҳанд.
и ещё 2