ХУРСАНД МАЗОРОВ БА РОҲБАРИИ ҲОДИСАҲОИ ХОРУҒ АЙБДОР ШУД
Ситоди байниидоравии таъмини амният дар Бадахшон Хурсанд Мазоров, яке аз лидерони ғайрирасмии ин вилоятро масъули тирпарронии шаби 4 ба 5 ноябр дар шаҳри Хоруғ номид ва гуфт, ҳадафи онҳо ноором кардани вазъи Хоруғ ва қатъи фаъолияти посгоҳҳо буд. Дар натиҷаи тирпарронии фармондеҳи ОМОН генерал-майор Хуршед Муҳаммадзода бо тирҳои резинӣ дар Хоруғ ду сокини маҳаллӣ тир хӯрданд. Ситоди байниидоравӣ гуфт, як гуруҳи ҷавонон бо роҳнамоии Хурсанд Мазоров мехостанд ба фаъолияти посгоҳҳо мониа эҷод кунанд ва сардори посгоҳҳо маҷбур шудааст даст ба силоҳ барад.