Расонаҳои ҳангомасози Ҷумҳурии охундии Эрон рӯзҳои охир талош доранд, ки аз тариқи мусоҳибаву суҳбат ва мақолаҳои бофтаву бардурӯғ вазъияти кунунии кишвари азизамон – Тоҷикистон ва равандҳои сиёсии онро ғайридемократӣ муаррифӣ намуда, амалҳои террористию зиддибашарии саркардагони ҳизби наҳзатро «пок» нишон диҳанд. Аз ҷумла, ин рисолати дурӯғпароканиро аз ҳама бештар бунгоҳи хабарии «Тасним», ки мутааллиқ ба пойгоҳи истихбороти Эрон аст иҷро намуда, хилофи принсипҳои рӯзноманигорӣ ва аркони журнализм ҳақиқати таърихиро дидаву дониста таҳриф мекунад.

         Дар ин замина, ҳафтаи сипаришуда хабаргузории «Тасним» бо сардори Ташкилоти экстримистию террористии ҳизби наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ суҳбат ороста, баста шудани ҳизб, ташкили кудатои моҳи сентябр, кушта шудани Ҳоҷӣ Ҳалим, муносибати давлат бо аҳзоби сиёсӣ ва дигар масъалахои марбут ба ҳизби наҳзатро, ки аз офаридаҳои мактаби истихборотии Ҷумҳурии охундии Эрон мебошад пурсон шудааст.

         Дар ин мусоҳиба Кабирӣ низ чун ҳамеша дидаву дониста, бар хилофи оини ҷавонмардию растагорӣ баромад намуда, номуваффакии худ дар корҳои сиёсиро бар гардани мақомоти расмии давлати Тоҷикистон бор намуда, талош кардааст, ки бо суханҳои қолабӣ кирдору амалҳои нафратбори ҳаммаслаконашро пинҳон намояд.

         Муҳиддин Кабирӣ аз амалу рафтор ва кирдорҳои зидди исломии пайравонаш, ки ба дуздию ғорат, қатлу қитол, таҳоҷуму таҷовуз ва ғасбкориҳои амволи мардумию давлатӣ равона шуда буд дам фурӯ баста, дар баробари иттиҳом аз мақомоти давлатӣ, талош намудааст, ки наҳзати террористиро мусичаи бегуноҳ нишон диҳад.  

Аз оғози мусоҳиба то анҷоми он Кабирӣ талош намудааст, ки дар ҳама маврид мақомот ба ҳар кору кирдори ҳизби наҳзат ҳамроҳ бошад. Вале рузноманигори бесалобат низ напурсидааст, ки Кабирӣ чӣ гуна ба ҳизби наҳзат пайваст, чӣ гуна саркардагони ин ҳизб аз ғурбат ба Ватан оварда шуданд, чӣ гуна онҳо афв шуданд, мақому манзалат гирифтанд, вале бар ивази ин муҳаббату садоқат ва самимият саркардагону пайравони ҳизби наҳзат чӣ кор анҷом доданд?

Аз соли 1997 то имрӯз фаромуш нашудааст, ки аз пайравони наҳзат, киҳо ба давлату миллат хиёнат кардаанд. Аз ҷумла, Мирзо Зиёев, Мулло Абдулло, Ризвон Садиров, Раҳмон Гитлер, Алии Бедакӣ ва даҳҳо афроди сатҳи миёнаи низомӣ бар ватану миллати тоҷик хиёнат карда, ҳар кадоми онҳо бо теъдоди зиёди сарбозу аскар талош намуданд, ки идораҳои мақомоти давлатӣ, интизомӣ, қудратӣ, марказҳои ноҳия, шоҳроҳу корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншоотҳои стратегиро ғасб кунанд. Вале ҳамеша аз нерӯи пуриқтидори миллати тоҷик шикаст хӯрдаву назди миллат савганди садоқати худро шикастаанд. Аммо Муҳиддин Кабирӣ ноҷавонмардона боре ҳам аз ин амалкарди афроди низомии наҳзат сухан нагуфтааст.

Ниҳоятан Ҳоҷӣ Ҳалим ва Эшони Ҷунайд низ аз зумраи он нафароне мебошанд, ки бо маслиҳату машваратҳои пешакӣ ҳадаф доштанд, ки аз фурудгоҳи марказӣ то биноҳои муҳими ҳукуматӣ, идораҳои радиову телевизион, гузаргоҳҳо, автовокзал, роҳи оҳан ва дигар манотиқи муҳимро забт намоянд ва давлати қонунии Тоҷикистонро барҳам дода, низоми номашрӯъу ғайриқонунии худро болои миллати тоҷик таҳмил намоянд. Вале боз назди иттиҳоду ягонагии миллати шарафманди тоҷик тоб наоварда шикаст хӯрдаанд.

Аммо Кабирӣ агар ҷавонмарду бовиҷдон мешуд, боре ишора мекард, ки маҳз Ҳоҷӣ Ҳалим бо одамонаш қабл аз фирор дар хиёбони Айнӣ ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва афсарони дидбонгоҳи муваққатӣ ҳамла намуда, бо истифода аз мақоми низомии худ қисме аз онҳоро қатл ва қисми дигарро чун гарав бо худ бурдаанд. Ё чаро Кабирӣ мардонавор ба расонаҳои хабарӣ намегӯяд, ки чаро Ҳоҷӣ Ҳалим ва Эшони Ҷунайд ба бинои Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ҳуҷум намуда, кормандони ҳифзи ҳуқуқро ба қатл расонида, лавозимоту аслиҳаи онҳоро тасарруф намудаанд? Магар ин амали пайравони ҳизби наҳзат, ки аз қатлу куштор иборат аст террор нест?

Таҳлили воқеаҳои пешомада ва ташхиси далоили мавҷуда собит менамояд, ки аз соли 1997 то моҳи сентябри соли 2015 афроди болозикр дар ҳама ҳолат аз як марказ – Қароргоҳи ҳизби наҳзат дастуру супориш гирифта, барои халалдор намудани оромии кишвар амал намудаанд.

Ин амалу рафтор ва ин муносибатҳои ғайриинсонию ғайридинии наҳзатиён қабл аз ҳама назди миллату мардуми шарифи тоҷик маълуму муайян гардид. Барои оммаи халқ маълум шуд, ки наҳзатиён талош барои сарнагунии ҳокимияти қонунӣ доранд ва ҷуз нифоқу ҷудоӣ ва хиёнату разолат чизе барои мардум ато намекунанд. Маҳз бо ин пиндору муносибатҳо миллат наҳзатиёнро инкор намуд. Дар ин ҳолат чи гуна метавонад як сарвару як раҳбар гурӯҳеро, ки реша дар хиёнату разолат дорад бипазирад? Пас ҳеҷ кас, дар ягон давру замон бар хилофи хостаҳои миллат наметавонад хоинро бипазирад. Зеро хиёнатпеша асолати аҳду паймон надошта, ҳамеша бо афкори хиёнаткоронаи худ пойбанд мемонад.

 

Аслиддин Зоиров,

таҳлилгари масоили сиёсӣ


Қабули шаҳрвандон

Раиси ноҳияи Роштқалъа

НАЗАРШОЗОДА Лоиқ Мирак 
Рузҳои қабул:
рузи Сешанбе, 
аз соати 10:00 то 12:00
рузи Шанбе, аз соати 08:00 то 12:00

Роҳбарон

НИЁЗМАМАДОВ  Вафобек Элчибекович
Муовини якуми раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.:
 
ГУЛАМАДШОЗОДА Роза Иқболшо
Муовини раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.:
МАМАДРАИМОВ Занҷирқул
Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.: