ТИННАТИ АСЛБОХТАГИИ “ПАЙМОНИ ЗИДДИМИЛЛӢ” (Ё ЧАРО ТААССУБГАРОӢ ҶУЗЪИ ИДЕОЛОГИЯИ ИСЛОМӢ ДАР ХОРИҶИ КИШВАР ГАШТААСТ?)
Ифротгароёни фирорӣ ва шариатмадори Тоҷикистон хилофи амалкарди табдили арзишҳои миқдорӣ ба иқтидори сифатӣ бо доман задан ба зуҳуроти сунъии хурофотӣ, бо ангезахои хоми нимамаҳаллӣ ва васвасавӣ, ки дар кишварҳои ғарб бинобар “таҳаммулапазирӣ”-и бериёи ҳомиёни ба ном “ҳуқуқи башар”, ҷойу макон ва луқма ноне аз қути лоямут пайдо кардаанд, ҷуръати хиёнатгунае барои такрори иштибоҳи таърихӣ –таъсиси “Паймони зиддимиллӣ” ба вуҷуд овардаанд.