Модаре, ки иғвоангезӣ мекунад
Модар қиматтарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати бекарон, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоёнаш фарзандро ба оламу одам ошно сохта, ба некӣ, баҳри оромиву осудагӣ ва сиҳатӣ роҳнамоӣ мекунад. Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, тарбиякунанда ва бакамолрасонандаи насли ватанпарвару миллатдӯст, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.