1 июн-Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак

         Бахшида ба рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон  дар маркази ноҳияи Роштқалъа чорабинии бошукӯҳе бо иштироки Муовини аввали раиси вилоят Мирзонаботов Алишер, муовини раиси вилоят Амирбекзода Назира, Раиси ноҳияи Роштқалъа Мамадшоев Давлатшо ва дигар намояндагони МИМҲД-и ВМКБ баргузор гардид. Чорабинӣ бо намоиши ҳунарии “Рассомони беҳтарин” ва маҳсули эҷодии дастпарварони маркази эҷодии кӯдакону наврасони ноҳияву дигар муассисаҳо, инчунин мактаби санъату мусиқии ноҳия оғоз гардид.

         Сароғоз, Раиси ноҳияи Роштқалъа муҳтарам Мамадшоев Давлатшо кӯдаконро ба  муносибати ин ҷашни фархунда табрику таҳният гуфта, таъкид намуд, ки соҳибистиқлолии кишвар имкон фароҳам овард, то дар оянда кӯдакон ҳамчун фардҳои соҳибҳуқуқу соҳибмаълумот  ба воя расанд.

          Сипас, Муовини аввали  Раиси вилоят муҳтарам Мирзонаботов  Алишер суханронӣ намуда, тамоми кӯдакони вилоятро аз номи Раиси вилоят бо рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак шодбош намуд.   

         Дар рафти чорабинии мазкур чанд нафар аз кӯдакони фаъоли шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки дар чорабинихои гуногун иштирок карда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд, бо Ифтихорномаи Раиси вилоят ва туҳфаҳои хотиравӣ, инчунин бархе аз кӯдакони фаъоли ноҳия бо ифтихорномаи Раиси ноҳия мукофотонида шуданд. Барои 6 нафар ятими кул аз тарафи Раиси ноҳияи Роштқалъа кумаки маблағӣ расонида шуд.

         Бахши фарҳанги ноҳия барномаи махсуси театеркунонидашударо таҳия ва пешкаши иштрокдорон гардонд, ки он ҷашни кӯдаконро боз ҳам ҳусни тозатар зам намуд.

 

 

Машқҳои мукаммали мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Роштқалъа

     Чун ҳарсола машқҳои мукаммали мудофиаи гражданӣ дар ҳар як ноҳияи ВМКБ доир мегарданд. Имсол мувофиқи нақша ин машқҳо дар ноҳияи Роштқалъа рузи 25-уми ҳамин моҳ доир шуда буд. Мақсад аз баргузории машқҳои мукаммали мудофиаи гражданӣ мавзеи деҳаи Савир интихоб гардида, дар он сохторҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ бо фаъолияти хуб ширкат варзиданд. Дар рафти гузаронидани машқҳо наҷотдиҳии аҳолии осебдида аз офатыои табии ба таври муфассал нишон дода шуд. Ба аҳолии осебдида, тарзи гузарондани ёрии амалӣ ба монанди аз мавзеи хатарнок берун намудани осебдидагон, сари вақт расондани ёрии таъҷилӣ, хомуш намудани алангаи оташ, аз ҷойи осебдида фаровардани зарардидагон тавассути арғамчинҳо, соҳилмустаҳкамкунӣ, таъмин намудани аҳолии зарардида аз шабакаи барқ ва ҳамсоли инҳо машқҳо гузаронида шуданд. Дар фарҷоми машқҳои гражданӣ барои фаъолияти хуб ва саҳми босазо гузоштан дар баргузории ин чорабинӣ ба раиси ноҳияи Роштқалъа, муовини раиси ноҳия, сардори ШВКД ва дигар шахсони масъул Ифтихорномаҳо тащдим гардид.

              Шарифаи Бунёд.                                                                                                         

Қабули шаҳрвандон

Раиси ноҳияи Роштқалъа

НАЗАРШОЗОДА Лоиқ Мирак 
Рузҳои қабул:
рузи Сешанбе, 
аз соати 10:00 то 12:00
рузи Шанбе, аз соати 08:00 то 12:00

Роҳбарон

НИЁЗМАМАДОВ  Вафобек Элчибекович
Муовини якуми раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.:
 
ГУЛАМАДШОЗОДА Роза Иқболшо
Муовини раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.:
МАМАДРАИМОВ Занҷирқул
Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.: