1 июн-Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак
Бахшида ба рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар маркази ноҳияи Роштқалъа чорабинии бошукӯҳе бо иштироки Муовини аввали раиси вилоят Мирзонаботов Алишер, муовини раиси вилоят Амирбекзода Назира, Раиси ноҳияи Роштқалъа Мамадшоев Давлатшо ва дигар намояндагони МИМҲД-и ВМКБ баргузор гардид. Чорабинӣ бо намоиши ҳунарии “Рассомони беҳтарин” ва маҳсули эҷодии дастпарварони маркази эҷодии кӯдакону наврасони ноҳияву дигар муассисаҳо, инчунин мактаби санъату мусиқии ноҳия оғоз гардид.
Сароғоз, Раиси ноҳияи Роштқалъа муҳтарам Мамадшоев Давлатшо кӯдаконро ба муносибати ин ҷашни фархунда табрику таҳният гуфта, таъкид намуд, ки соҳибистиқлолии кишвар имкон фароҳам овард, то дар оянда кӯдакон ҳамчун фардҳои соҳибҳуқуқу соҳибмаълумот ба воя расанд.
Сипас, Муовини аввали Раиси вилоят муҳтарам Мирзонаботов Алишер суханронӣ намуда, тамоми кӯдакони вилоятро аз номи Раиси вилоят бо рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак шодбош намуд.
Дар рафти чорабинии мазкур чанд нафар аз кӯдакони фаъоли шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки дар чорабинихои гуногун иштирок карда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд, бо Ифтихорномаи Раиси вилоят ва туҳфаҳои хотиравӣ, инчунин бархе аз кӯдакони фаъоли ноҳия бо ифтихорномаи Раиси ноҳия мукофотонида шуданд. Барои 6 нафар ятими кул аз тарафи Раиси ноҳияи Роштқалъа кумаки маблағӣ расонида шуд.
Бахши фарҳанги ноҳия барномаи махсуси театеркунонидашударо таҳия ва пешкаши иштрокдорон гардонд, ки он ҷашни кӯдаконро боз ҳам ҳусни тозатар зам намуд.