Машқҳои мукаммали мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Роштқалъа
Чун ҳарсола машқҳои мукаммали мудофиаи гражданӣ дар ҳар як ноҳияи ВМКБ доир мегарданд. Имсол мувофиқи нақша ин машқҳо дар ноҳияи Роштқалъа рузи 25-уми ҳамин моҳ доир шуда буд. Мақсад аз баргузории машқҳои мукаммали мудофиаи гражданӣ мавзеи деҳаи Савир интихоб гардида, дар он сохторҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ бо фаъолияти хуб ширкат варзиданд. Дар рафти гузаронидани машқҳо наҷотдиҳии аҳолии осебдида аз офатыои табии ба таври муфассал нишон дода шуд. Ба аҳолии осебдида, тарзи гузарондани ёрии амалӣ ба монанди аз мавзеи хатарнок берун намудани осебдидагон, сари вақт расондани ёрии таъҷилӣ, хомуш намудани алангаи оташ, аз ҷойи осебдида фаровардани зарардидагон тавассути арғамчинҳо, соҳилмустаҳкамкунӣ, таъмин намудани аҳолии зарардида аз шабакаи барқ ва ҳамсоли инҳо машқҳо гузаронида шуданд. Дар фарҷоми машқҳои гражданӣ барои фаъолияти хуб ва саҳми босазо гузоштан дар баргузории ин чорабинӣ ба раиси ноҳияи Роштқалъа, муовини раиси ноҳия, сардори ШВКД ва дигар шахсони масъул Ифтихорномаҳо тащдим гардид.
Шарифаи Бунёд.