Аксияи роҳпаймоии ҷавонон дар ноҳия
Имрӯз ҷавонони мо бо азму иродаи қавӣ ва бо завқи баланд илму донишҳои муосирро азхуд намуда, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлату ҷомеа ба хотири рушди кишвари маҳбубамон саъю талоши фаълона доранд.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳ ва ғғамхории махсус зоҳир намуда, ба хотири дастгирии онҳо тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад. Хусусан, дар ин давра ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи ҳамаҷонибаи онҳо нақшаву барномаҳои зиёд қабул ва амалӣ шуда истодаанд.
Дар доираи чорабиниҳои Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон , ки ҳамасола 23 юми май дар сар то сари мамлакат бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад, имрӯз дар маркази ноҳия аксияи роҳпаймоии ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон Пайравони Пешво» доир гардид, ки дар он тамоми кормандони идораву муассисаҳо, толибилмони муассисаҳои маркази ноҳия ва ҷавонони фаъолу бархе аз маскунони ноҳия аз назди бинои ШВКД-и ноҳия то варзишгоҳи марказӣ бо як ҳисси баланди ифтихори миллӣ роҳпаймоӣ намуданд. Сокинон бо шиору овезаҳои гуногун таҳти унвони «Мо пайравони Пешвои миллат», «Ҷавонон ва ҷомеаи навин», «Ҷавонон ва ояндаи неки онҳо», «Ҷавонон нерӯи зеҳнии кишвар» ва ҳамсоли инҳо роҳпаймоӣ намуда, бори дигар собит намуданд, ки ҷавонони ноҳияи Роштқалъа дар пешрафту нумӯи кишвари азизамон саҳми босазо доранд ва ҳамеша дар роҳи ватандӯстиву ватандорӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ қадам мениҳанд.
Шарифаи Бунёд