ЭЪЛОН

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа барои ишғоли мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

1. Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҷамоати деҳоти Роштқалъаи ноҳияи Роштқалъа, музди меҳнат 810 сомонӣ 00 дирам

Талаботи ассоси нисбати довталаб:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси диншиносӣ, ҳуқуқшиносӣ, таърих ва ҳуқуқ ва филологӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва малакаи кор бо компютер; Довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
- ариза ба номи раиси ноҳияи Роштқалъа ;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол; - нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ҷайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломати дар шакли 08 УЕ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
- маълумотнома оид ба доҷи судӣ Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз баъд аз нашри эълон (то 9 май) Суроҷа: деҳаи Медон, бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа Индекс 736112 Тел \ факс: 21 – 2 – 70, 21 – 1 – 69

Мутобиқи Фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12 марти соли 2018 № 1036 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои таваллуди 1991-2000 ба хизмати ҳарбӣ» ҷавононро ҳамчун фарзандони содиқи Ватан ба хизматӣ ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда истодаем.

Қабули шаҳрвандон

Раиси ноҳияи Роштқалъа

Мамадшоев Давлатшо Силтониҷотович 
Рузҳои қабул:
рузи Сешанбе, 
аз соати 10:00 то 12:00
рузи Шанбе, аз соати 08:00 то 12:00

Роҳбарон

САФАРОВ Давлат
Муовини якуми раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.:
 
ГУЛАМАДШОЗОДА Роза Иқболшо
Муовини раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.:
МАМАДРАИМОВ Занҷирқул
Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.: