Яке аз суннатҳои бисёр бостонӣ ва ҳамзамон маъруфи мардуми тоҷик меҳмоннавозӣ ва арҷгузорӣ ба меҳмон аст. Фарҳанги меҳмоннавозӣ дар зеҳни мардуми тоҷик ҷойгоҳи хеле вижае дорад. Арҷгузорӣ  ба меҳмон дар байни мардуми мо ҳамчун яке аз нишонаҳои умда ва аслии ҷавонмардӣ ва инсонгароиву одамгарӣ маҳсуб мешавад. Фарҳанги меҳмоннавозӣ  ва  арҷгузорӣ ба меҳмон на фақат дар андешаву орои мардум, балки дар адабиёти мо низ мавриди таблиғу ташвиқ ва такриму тамҷид қарор гирифтааст. Аксари адибони мо дар бораи одоби меҳмоннавозӣ, усули пазироии меҳмон, рисолату масъулияти мизбон ва аҳамияти ин аъмол нуктаҳои ҷолиб ва ақволи муассире ироа доштаанд, ки дар воқеъ қобили мулоҳиза ва пазириш мебошанд. Абёту ақволе аз қабили:

                                      “Ҳар кӣ меҳмонро гиромӣ мекунад,

Кӯшише    дар   некномӣ   мекунад”.  

Ё:

         “Дӯст  ояд,  гарм  дар  оғӯш  гир,

         Расми хуби тоҷиконро гум макун”.                                             Ё:                                                                          

“Меҳмон атои Худост”  ва суханҳои дигаре аз ин қабил  дер боз  дар байни мардуми тоҷик машҳуру маъруф аст ва дар воқеъ аҳли ҷомеаи мо аксарият то ҳанӯз ин гуна ақволро дар мавриди пазироӣ аз меҳмон ҳамчун роҳкори худ мавриди корбурд қарор медиҳанд. Чунин роҳкор ба анъанаву қолаби рафтор ва ҳатто метавон гуфт ба менталитети миллии мо мубаддал шудааст. Ин қолаби рафтори миллии мо имиҷи мардуми мо низ ҳаст. Яке аз умдатарин ва беҳтарин сифату хислате, ки хориҷиён дар мавриди будубоши хеш дар Тоҷикистон дар симои мардуми мо мебинанд, маҳз ҳамин хислати меҳмоннавозии мардуми тоҷик аст. Ин сифату хислат миллати моро на фақат машҳуру маъруф, балки маҳбуб низ гардонидааст. Расму таомули меҳмоннавозӣ ва анъанаву одоби меҳмондорӣ аз қабили қолабҳои шоистаи рафтори миллиест, ки ба хотири густариши нуфузу обрӯи миллат  аз ҷониби хосу оми ҷомеаи мо бояд мавриди пазириш ва корбурд қарор гирад, ба вижа дар мавриди муносибат ва муоширати мо бо  меҳмонони хориҷӣ.

         Мутаассифона, баъзе гурӯҳҳо ва афроди тангназаре ҳастанд, ки ҳатто ба ин вижагии миллӣ ва сифату хислати неки суннатии мардуми мо, ҳамчунин риоя шудани он аз тарафи намояндагони миллат ва ба хусус роҳбарияти давлат бидуни доштани ҳеҷ гуна далеле нуктагириҳои бемаврид ва муғризона мекунанд.

Имрӯз  дар сомонаи  risolat tj.com  маводе интишор дода шуд, ки дар он  аз  маросими истиқболи расмии Сарвари давлат аз Президенти Ҳинд дар ҳавои боронии Душанбе ва  бар сари меҳмони худ чатр гирифтани Роҳбари кишвари мо ёд шудааст.

Дар воқеъ рӯзи 8 октябр дар назди Қасри миллат маросими расмии истиқбол аз Президенти Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд баргузор гардида буд. Ба ифтихори пазироии мењмони олиќадр майдони Қасри миллат мутобиқи расмиёти маъмулӣ ороста шуда Горди фахрї ва оркестр саф ороста буданд.

Дар маросими пазироии меҳмони олиқадр, ки зери бориши борон сурат гирифт, Президенти Тоҷикистон тибқи таомули меҳмоннавозии миллӣ  ҳамчун мизбон барои ҳифзи меҳмони олирутбаи худ аз борон чатр дар даст доштанд.

Маҳз ҳамин илтифот ва риояи таомулу одоби меҳмоннавозӣ аз тарафи Президенти Тоҷикистон, ки як амали бисёр бамаврид ва саршори муҳаббату эҳтиром буд,  мавриди интиқоди шадиди нуктагирону айбҷӯёни  наҳзатӣ қарор гирифт. Бубинед, ки ин каҷкорони каҷандеш дар оинаи каҷнамои пиндори хеш ҳатто амали ростини бузургворонаеро ҳам каҷ тасвир кардан мехоҳанд. Ин баддилон бо чунин нуктагирии бемавриди хеш нохудогоҳона аслан худро расво кардаанд. Онҳо чун пистаи бемағзеянд, ки бо лаб во кардани хеш аз пуч будани худ дарак додаанд.

Бубинед, ки онҳо дар иртибот ба истифодаи чатр аз тарафи Президенти Тоҷикистон тибқи таомули меҳмоннавозии миллӣ  ҳангоми қадам задан бо Президенти Ҳиндустон  дар ҳавои боронӣ чӣ гуфтаанд: “Таҳияи  чатр аз пули шаҳрвандони маҳрум ва гирифтани он дар болои сари раисҷумҳури кишвари қудратманд ва сарватманд саволҳои зиёдеро дар зеҳни шаҳрвандоне, ки аз ин чатр маҳруманд, ба вуҷуд меоварад”. Айбҷӯӣ ва нуктагирие наметавонад музҳиктар ва ҳамзамон аблаҳонатар аз ин бошад.

Ин нуктагирон бо сӯиистифода аз ин маврид ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ дахолат карда, бар набуди чатри ҳимоятӣ дар ин росто ишора кардаанд, ҳол он ки муҳоҷират ва ба вижа муҳоҷирати меҳнатӣ дар шароити кунунӣ на фақат дар сатҳи кишварҳои рӯ ба рушд, аз ҷумла кишвари мо, балки ҳатто дар сатҳи кишварҳои мутараққиву бузурге чун Чину Руссия,  Ҳиндустону Покистон  ва  умуман аксари кишварҳо ба амре маъмулӣ табдил ёфтааст. Аммо новобаста ба ин давлати Тоҷикистон стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатиро дар  кишвар қабул карда, дар ин росто ба таври мунтазам барои марҳила ба марҳила поин бурдани теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ корҳои созандаеро анҷом медиҳад.  Сохтмони нерӯгоҳҳои бузурги обии барқӣ ва ба ин васила таҳияи заминаи саноатикунонии кишвар, ҳамчунин дар доираи имконоти мавҷуда бунёд кардани корхонаҳои саноатӣ на фақат дар атрофи пойтахт ва шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ, балки дар тамоми манотиқи кишвар нишонаи равшани талошҳои созандаи роҳбарияти давлат дар ростои паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатист.     

Аммо бояд ба эътибор гирифт, ки манзури нуктагирон аз ироаи масъалаи фавқуззикр  на  арзёбӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардум, балки корбурди ин масъала ҳамчун абзори сиёсӣ ва таъсиргузории манфӣ бар зеҳни омма аст. Хоинони наҳзатӣ ҳеҷ гоҳе сари созиш бо арзишҳои демократӣ ва мардумсолоронаи давлати мо надоштанд. Онҳо фақат дар паи аҳдофи тундравонаву ифротии динии худ мебошанд, зеро муқтазои табиати онҳо ва хоҷагони бурунмарзиашон ҳамин аст. Аммо ин афрод бояд  нек донанд, ки маҳз ҳамин муқтазои табиати тундравонаву ифротгароёна ва мардумситезонаи  онҳо  оқибат  сари  эшонро  хоҳад  хурд.

Ҳар кӣ бар душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд  бошад,  ки  сари  хеш  чу  гирдоб  хурад.

 

                                                        Хусрави  Шерзод

                                                                

 

 

        Муроҷиатномаи Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар робита бо тавтеаю дасисаҳои ТТЭ ҲНИ ироа гардидааст, боиси сарусадоҳои расонаии ҳаводорони наҳзатӣ гардидааст. Дар ин замина сомонаи наҳзатӣ матлабе таҳти унвони «“Шўрои уламо” аз Худо тарсад!» интишор додааст. Наҳзатиёни мутаассиб аз ин усул – аз Худо тарсонидани мардум ҳамеша кор мегиранд. Ин усул ва равиши таърихии рўҳониёни мутаассибу ҷоҳил дар тўли таърих буда ва ҳаст. Мутаассифона, ин равиш, бо назардошти ҳузуру нуфузи хурофоту ҷаҳолат дар ҷомеа дар бисёр маворид корсоз ҳам буда ва ҳаст. Аммо барои ҷомеаи муосири тоҷик ин усули «ҳидоят» аз муд афтидааст. Ба таври куллӣ,  чанд воқеяитро вобаста ба матлаб бозгў мекунем: 

       Якум. Албатта, наҳзатиёни фирорӣ, ки аз ҳисоби як идда ҷавонони гумроҳ сафҳояшонро  пурра карданианд, саъй мекунанд, алайҳи назароти мардумӣ қад алам намоянд ва воқеиятҳоро таҳриф созанд. Дар ин амр хеле кўшиш мекунанд ва музахраф мебофанд. Чунин навъи муҳокимаи музахрафро дар матлаби ахирӣ, ки дар ҳошияи Муроҷиатномаи Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ироа гардидааст, метавон мутолиа кард. Муддаӣ бе ҳеҷ гуна далели мувассақ ба домони ин ташкилаи динӣ-мазҳабӣ мечаспад ва наҳзатиёнро пуштибонӣ мекунад. Магар далоили ихтилофоти мазҳабӣ, паҳну мунташир кардани ҳар гуна иттилооти зиддидавлатӣ, аз марзи ислом ва минҷумла исломи суннатӣ (мазҳаби тасаннуни ҳанафӣ) фаро рафтан ва билохира ҳадафи султахоҳиро дунболагирӣ намудан басанда нест? Кору фаъолияти ТТЭ ҲНИ дар хориҷ аз кишвар ва пуштибонии баъзе созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ аз ин ташкилоти экстремистию террористӣ бозгўкунандаи онанд, ки ТТЭ ҲНИ мақсади ихтилоф андохтан ва ба қудрат расиданро дунбол мекунад ва дар ин роҳ аз ҳар василаи машрўъ ва номашрўъ истифода мебарад. Шиорпароканӣ ва фазлфурўшиҳое, ки тайи ду-се соли ахир раҳбарияти фирории наҳзатӣ дар хориҷ аз кишвар сари минбарҳои аврупоӣ анҷом медиҳанд, ҳадафманданд ва пушти қазияи наҳзатӣ, бидуни шубҳа, созмонҳои вижа қарор доранд.

        Дуюм. Муаллифи матлаб кўшидааст, ки уламои суннатиро алайҳи Шўрои уламо шўронад ва аз ин роҳ оташи фитнаву кина ва адоватро миёни рўҳонияти исломии дохил доман занад.
Чанд исми ба истилоҳ, уламое, ки муаллифи матлаб мисол задааст, аз чумлаи рўҳониене буда ва мебошанд, ки ҳаргиз ѓами мардуми мусулмонро нахўрдаанд ва намехўранд ва агар ба ҳаводиси солҳои навадуми садаи бист ва фазои мазҳабии ибтидои асри бисту як ҷиддӣ таваҷҷуҳ намоем, пай хоҳем бурд, ки як гурўҳи рўҳонияти суннатӣ, ислоҳотхоҳ ва муҳофизакор, ки бо наҳзат иртиботи бевосита ва бавосита доштанд, дар зери суол рафтани низоми давлатдории дунявӣ ва пахшу интишори ақоиди ифротии динӣ-мазҳабӣ саҳми бевосита доштанд. Онҳо на танҳо роҳи ихтилофоти мазҳабиро нагирифтанд, балки бо мавъизоти хушк ва матолиби хурофотии худ  монеи озодандешӣ ва рушди тафаккури дунявӣ, ки низоми қонунии сиёсӣ ва давлатӣ буд, гардиданд. Аз ин ҷост, ки ҷонибдорони ин навъ рўҳониён имрўз низ талош мекунанд, ки ТТЭ ҲНИ-ро дар симои фаришта бинамоёнанд ва мардумро дубора гул бизананд.

        Сеюм. Мақомоти зиддахли давлатӣ (агар манзур КДАМ, ВКД бошад) ҳеҷ гоҳ алайҳи дину мазҳаб нашўридааст, баръакс, онҳо бар муқобили нафарон ва ташкилоте мубориза бурда ва мебаранд, ки дину мазҳабро василаи касби қудрат ва фиреби мардум карда, аз ин ҳисоб нони муфт мехўранд. Магар ин кор, ки вазифаи аслӣ ва ҳирфаии масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст, гуноҳ аст? Дар кадом давлати дунё дидаед, ки мақомоти марбутаи давлатӣ алайҳи муфтхўрони мазҳабӣ ва динӣ, ки дину мазҳабро абзори сиёсӣ ва иҷтимоӣ кардаанд, мубориза набурдааст? Дар ҳеҷ ҷойи дунё ин тур нест. Ин наҳзат аст, ки ҳамеша тавтеа, дасиса, иѓво дуруст мекунад ва аз пайи сиёсӣ кардани дину мазҳаб мегардад. Агар чунин аст, мақомоти давлатӣ муваззафанд, ки алайҳи бедодиҳои наҳзатӣ, ки ҳосили шуми онро ибтидои солҳои навадуми асри бист дидаем,  мубориза бубаранд, дар акси ҳол, ин гуна мақомот ба кӣ даркор аст?!

      Ва ниҳоят, он чи ки дар Муроҷиатномаи Шўрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дарҷ гардидааст, баёни вазъи мавҷуда аст ва дар ноҷурии авзои мазҳабӣ ТТЭ ҲНИ муқассир мебошад ва ин нуктаи калидиро ниҳоди мазҳабӣ бо далелҳо манзур сохтааст. Воқеият ҳамин аст, он ба пазируфтан ва напазируфтани ТТЭ ҲНИ бастагӣ надорад, чунки пушташ таърихи зиндаи мардум қарор гирифтааст.

          

Фаридун Ориёӣ

 

    

 

Қабули шаҳрвандон

Раиси ноҳияи Роштқалъа

НАЗАРШОЗОДА Лоиқ Мирак 
Рузҳои қабул:
рузи Сешанбе, 
аз соати 10:00 то 12:00
рузи Шанбе, аз соати 08:00 то 12:00

Роҳбарон

НИЁЗМАМАДОВ  Вафобек Элчибекович
Муовини якуми раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.:
 
ГУЛАМАДШОЗОДА Роза Иқболшо
Муовини раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.:
МАМАДРАИМОВ Занҷирқул
Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.: