Мусоҳибаи хизматгори наҳзатиҳо Алим Шерзамонов бо хабарнигори сомонаи ифротии «Тасним» дар робита бо масъалаи  Бадахшон  маротибаи дигар собит месозад, ки гурўҳҳои манфиатхоҳи берунӣ бо ҳар роҳу васила мехоҳанд вазъи Тоҷикистон, бахусус Бадахшон ноҷур гардад ва нақшаҳои ғаразноки онҳо тадриҷан пиёда шаванд. Бо ин ҳадаф Алим Шерзамонов, як тан аз ҳавохоҳони нооромиҳо дар Тоҷикистон ба истилоҳ, суҳбати ихтисосӣ анҷом додааст. Дар ин замина, чанд мулоҳизаи худро манзур месозам:

     1.Ҳассосият бахшидан ба масъалаи Бадахшон кори дасти душманони миллат ба мисли Шерзамонов мебошад. Дар  як моҳи ахир доираҳои наҳзатӣ, ки имрўз дар пардаи ба ном Паймони миллии Тоҷикистон аз худ дарак медиҳанд, матолиби зиёде навишта, дар расонаҳо интишор додаанд ва аз сўи хоҷагонашон муваззафанд, масъаларо ҳассостар намоянд. Дар атрофи Бадахшон ва таҳаввулоти ахир интишор намудани матолиби гуногунмуҳтаво ҳоқӣ аз он аст, ки бозигарони хориҷӣ даст ба тарҳи  наве заданианд ва  ҷиҳати буғранҷ кардани авзоъ аз сели иттилооти дурўғин корбаст менамоянд. Аз силсилаи сели иттилоот ва таҳлилоти дурўғин мусоҳибаи ахири А. Шерзамонов маҳсуб меёбад.

       2.Шерзамонов, ки аз сиёсат ва таҳлилҳои сиёсии аслӣ фарсахҳо дур аст, бар мабнои нишондодҳои гурўҳи наҳзатии зиддиҳукуматӣ мусоҳибаҳо меорояд, матолиби иғвоангез нашр мекунад, садо мепароканад ва аз ин тариқ худро реклама ҳам менамояд. Иддаои ў бар мабнии ин ки Роҳбарияти давлат бо набард ба сари қудрат расидааст, сухани наву тоза нест. Албатта, Ҳукумати имрўзӣ дар шароите сари қудрат расид, ки наҳзатиён дар қаламрави ҷумҳурӣ ба бедодгарӣ машғул буданд ва сокит шудан ва хомўшӣ ихтиёр кардан дар он вазъият бетарафию тарсуие беш набуд. Чӣ, Роҳбари кишвар бояд  сукут меварзид ва мегузошт, ки Тоҷикистон ба хоку хун оғушта гашта,  Шерзамонҳои вақт дар мамлакат ҷавлон кунанд?!  Манзараи даҳшатноки ибтидои солҳои навадуми садаи бистумро, ки дар қолаби наворҳо дар васоити ахбори умум мавҷуд аст, як тамошо намоед ва ба кайфияти ҳаводис бадиққат таваҷҷуҳ фармоед, то тоифаи нохалафро, ки зери парчами исломи сиёсӣ ба чӣ корҳое даст задаанд бинед.  Шерзамонов ё аз ҳаводиси вақт бехабар аст ва ё дидаву дониста худро ба нодонӣ мезанад.

        3.Шерзамонов мисли ин ки ҳарфҳои пуштибонони хориҷиашро такрор мекунад ва масъалаи Бадахшонро бузург ҷилва медиҳад, чун медонад, ки бузург ҷилва додани масъала ва обуранги сиёсӣ бахшидани он, ҳам ба манфиати дориаҳои махсуси хориҷӣ ҳаст ва ҳам ниёзҳои сиёсию иқтисодии наҳзатиҳоро. «Паймонсозон» аз шахсиятҳои калидии Ҳукумат ҳарос доранд? Чаро? Чунки ин шахсиятҳо найрангҳои сиёсӣ ва дасисаю иғвоҳои наҳзатиро рўйирост фош сохтанд ва пеши роҳи тавтеаҳои онҳоро гирифтанд.  Пеши роҳи балвои Назарзодаро гирифтан ва бо далоили муътамад собит кардани ҷурми элитаи сиёсии наҳзатӣ дар пиёда намудани барномаи табаддулоти давлатӣ дар Тоҷикистон роҳкорҳоеанд, ки сохторҳои қудратӣ муваффақона анҷом доданд.   Зимнан, наҳзатиён тавассути матолиби иғвогарона мекўшанд, ки симои роҳбарони сохторҳои давлатиро бад нишон бидиҳанд ва дар ҳар бадбахтие, ки сарашон омадааст, изи онҳоро биҷўянд.

      4.Маълум аст, ки Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон аз минтақаҳои муҳиммест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсарҳад кардааст. Авзои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистони ҳамсоя ба ҳама маълум аст. Ба буғранҷии авзоъ, хариду фурўши аслиҳа ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир зам мешавад. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бастагӣ бо мақомоти марбутаи давлатӣ масъалаи халъи силоҳро дар Бадахшон, ки солҳост миёни гурўҳҳои ҷинояткор радду бадал мешавад, мавриди бозбинӣ қарор медиҳанд ва ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуда аз имконоти қудратӣ, фаннӣ-техникӣ, интизомӣ ва ҳуқуқӣ истифода мебаранд. Аз тарафи дигар, таъмини амнияти дохилӣ ва оромиши сиёсӣ, ки аз авлавиятҳои сиёсати давлатӣ маҳсуб меёбад, вазифаи сохторҳои қудратӣ мебошад. Солҳост, ки дар Бадахшон гурўҳҳои ҷиноятпеша ва тоҷирони маводи мухаддир  авзоъро ноҷур месозанд ва ҷомеаро ба ҳолати осебпазирӣ расонидаанд. Аз ин лиҳоз, ислоҳи вазъ вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти зиддахли давлатӣ мебошад. Агар, мо гапи Шерзамонов ва «дастуру нишондодҳо»-и ўро, ки аслан парвои миллату давлат надорад (ба ҷуз сармояи худ) бигирем, давлатдорӣ ва ҷомеасозӣ ба масхара кашида мешавад.

     5.Аҷиб ин аст, ки Шерзамонов аз созмонҳои байналмилалӣ хоҳони он аст, ки ба корҳои дохилии Тоҷикистон дахолат намоянд ва масъаларо, ки марбути Тоҷикистон аст, ҳаллу фасл намоянд. Дахолат дар умури давлат магар аз ҷумлаи иқдомоти созмонҳои байналмилалӣ аст? Давлати мо дар умури двлатҳои дигар ва созмонҳои ҷаҳонӣ ҳаққи дахолат надорад. Ҳар гуна дахолатро дар умури дигар кишварҳо ва давлатҳо қонунҳои байналмилалӣ манъ намудаанд. Масъулини созмонҳои байналмилалӣ масъаларо мефаҳманд, аммо  чаро Шерзамонов ва ҳампаймононаш масъаларо фаҳмидан намехоҳанд ва саъй мекунанд қазияро бузург нишон бидиҳанд?!

     6.Ҳассосият бахшидан ба масъалаи Бадахшон барои ТТЭ ҲНИ чун обу ҳаво зарур аст ва ҳоло ки дигар масоили доғ вуҷуд надорад,  наҳзатиён аз Шерзамонови Бадахшӣ истифода мебаранд, то ба ҳадафҳои худ бирасанд. Тамоми қазия ва дар гирди он моҷаро ҳамин асту бас.

 

   Фаридун Ориёӣ

 


Қабули шаҳрвандон

Раиси ноҳияи Роштқалъа

НАЗАРШОЗОДА Лоиқ Мирак 
Рузҳои қабул:
рузи Сешанбе, 
аз соати 10:00 то 12:00
рузи Шанбе, аз соати 08:00 то 12:00

Роҳбарон

НИЁЗМАМАДОВ  Вафобек Элчибекович
Муовини якуми раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.:
 
ГУЛАМАДШОЗОДА Роза Иқболшо
Муовини раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.:
МАМАДРАИМОВ Занҷирқул
Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.: