ОЗМУНИ “ТОЧИКИСТОН ВАТАНИ МАН” ДАР НОХИЯИ РОШТКАЛЪА
Ба хотири дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани30 солагии истиқлолияти кишвар ыар р\з дар тамоми шаҳру навоии мамлакат корҳои ободониву созандагӣ ва инчунин маҳфилыои судманд пай дар пай доир шуда истодаанд. Яке аз чунин чорабиниҳои ҷолибу фоидабахш озмуни ьумҳуриявии «Тоьикистон-Ватани ман» мебошад, ки дар сар то сари ьумҳурӣ доир гардида истодааст.
Санаи 15уми июни соли ҷорӣ бо иштироки Муовини раиси ноҳияи Роштқалъа Гуламадшозода Роза ва дигар кормандони идораву муассисаҳои дахлидори ноҳия озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон ватани ман” багузор гардид.
Барномаи озмуни ҷумҳуриявии «Тоьикистон-Ватани ман» -и ноҳияи Роштқалъа низ дар сатҳи хеле олӣ ҷамъбаст гардид. Чорабинии мазкур бо ибтикори бахши фарҳанги ноҳия дар маркази ноыия дар толори мақомот ташкил ёфта, мухлисону ихлосмандони хеле зиёд пайдо намуд. Дар он беҳтарин довталабони ҳунарманду бо истеъдод ширкат варзиданд. Бояд қайд намуд, ки озмун аз чор давр иборат буда, даври аввал дар Ҷамоатҳову деҳот ва даври дуюм дар маркази ноҳия ҷамъбаст гардид. Озмун аз намоиши маҳсули эҷоди дастии ҳунармандону толибилмони мактаби санъати ноҳия, аз қабили гулд\зӣ, тоқид\зӣ, маҳорати расмкашӣ, намоиши тасвирии манзараҳои дилфиреби кишвар, кандакорӣ ва шарҳу тавзеҳи ҳар як маҳсули эьод аз ҷониби хонандагон оғоз ёфта, сипас дар толори мақомоти ноҳия маҳорату малакаи ҳар як иштирокдор, ки аз р\и 25 номинатсия, аз ҷумла номинатсияи ровӣ, шоир, санъаткор, сароянда, рассом, оҳангсоз ва дигар намудҳо ҳунарнамоӣ намуданд, идома ёфт.
Дар чорабин= на танҳо толибилмон, балки ҷавонони зиёде ҳунару истеъдоди худро муаррифӣ намуданд. Ҳадаф аз баргузории ин гуна чорабиниҳо низ пеш аз ҳама дарёфти чеҳраҳои наву бомаҳорат миёни наврасону ҷавонон, инчунин тарғиби ҳисси ватандориву ватандӯстӣ байни насли наврас мебошад.
Ғолибони озмун барои иштирок дар марҳилаи сеюм, ки дар шаҳри Хоруғ баргузор мегардад, роҳхат ёфтанд.