Гузоштани Парчами Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъа
Аз соли 2009 санаи 24 уми ноябр дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Маҳ ҳамин рӯзи соли 1992 дар Иҷлосияи 16 уми Шӯрои Олӣ Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол тасдиқ карда шуд.
Ба ҳамин хотир рӯзи 8 уми июни соли ҷорӣ дар баландии деҳаи Қалъаи Ҷамоати деҳоти Роштқалъа бо ибтикори муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Раёсати корҳои дохилӣ ва сардори ситоди байниидоравии таъмини амният дар ВМКБ, гнерал –лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ва ташаббуси бевоситаи ШВКД-и ноҳияи Роштҷалъа Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии 12 метр барафрохта шуд, ки дарозиаш 6 метр ва паҳноиаш ба 3 метр баробар аст. Парчами миллии Тоҷикистон, ки аз рангҳои сурху сафеду сабз ва як тоҷу ҳафт ситора иборат аст, дар ноҳия имрӯз партафшонӣ карда истодааст.
Дар ифтитоҳи бардоштани Парчами миллӣ раиси ноҳияи Роштқалъа Мамадшоев Давлатшо, сардори ШВКД дар ноҳия Азимов Нуриддин ва дигар кормандони милиса ширкат варзиданд.
Шарифаи Бунёд