НБО Роғун – зарба ба наҳзатиҳо
Чархаи аввали Иншооти аср НБО-и Роғун, инак, рӯзи 16 ноябри соли 2018 ифтитоҳ меёбад ва тамоми сокинону шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ин санаи таърихиро солҳо боз интизорӣ мекашиданд, бо хушҳолию тантана онро ҷашн хоҳанд кард. Аммо гурӯҳи кӯчаке, ки дар фазои иттилоотӣ ва сиёсии кишвар таҳти унвони «наҳзатиён» шинохта мешаванд, аз ифтитоҳи чархаи якуми пружаи аср маъюс мешаванд ва дуди оҳу афғонашон ба осмон мепечад.