Тӯй дар Тоҷикистон мотам дар анҷумани «Озодандешон»-у сомонаи «Кимиёи саодат»
Дар таърихи 16-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Роғун бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва як қаттор меҳмони хориҷӣ ифтитоҳи чархаи нахустини нерӯгоҳи барқиии обии «Роғун» сурат мегирад. Ба фаъолият оғоз намудани ин нерӯгоҳ Тоҷикистонро ба истиқлолияти комили энергетикӣ мерасонад. Ҳамагон хуб ёд дорем, ки дар таърихи дар таърихи 29-уми октябри соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ савори булдозери вазнин аз соати 10-и субҳ то 11:30 расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки барои мардуми Тоҷикистон ҳаёту мамоташ аст, ҳусни оғоз бахшида буданд.