Бояд ба гузаштҳо бар террористон нуқта гузошт
Аз замони арзи ҳастӣ карданаш Ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ то имрӯз мавқеъ ва дидгоҳашро дар баробари давлат ва миллат иваз накардааст. Танҳо дар баъзе мавридҳо вобаста ба давру замон ҷомаи худро дигар кардаанду халос. Саид Абдуллоҳи Нурӣ, асосгузори ин ҳизб дар замони роҳбари ҳизб буданаш дар як мусоҳибаи матбуотии худ зимни матраҳ шудани суоле дар заминаи пайдо шудани ҳизбҳое диние монанди наҳзат гуфта буд, ки: «Дар як кишвар як халифа бас аст ва ниёзе ба фаъолияти аҳзоби дигари исломӣ нест». Яқинан чӣ Нӯрӣ ва чӣ Кабирӣ худро халифаи кишвар пиндошта, доим дар андешаи ташкил намудани хилофат дар Тоҷикистон буданд. Ақидае, ки имрӯз коршиносони умури сиёсат ва дин баён медоранд ин аст, ки ТТЭ ҲНИ дар ягон шароит ҳамчун ҳизби сиёсӣ фаъолият надошт. Баръакс наҳзатиҳо мудом худро фаротар аз ҳизб дониста, дар хусуси ташкили хилофате монанди ДИИШ дар сар нақшаҳое доштанд ва то имрӯз дар паи ташкил намудани он талош меварзанд.