Д. А. 
Ҳамин ду ҳарф...
Бахшеро меларзонад, бахшеро месӯзонад.

Дар тафсири ин ду ҳарф бояд орифе, оқиле ё ошиқе гӯяд.

Худсафедкунӣ шеваи ман нест. 
Магар худсӯхта - оне ки худро дидаву дониста ба оташ афкандааст, аз ак-аки сагону уллоси шағолон меҳаросад?

Мӯд шудааст: 
Ягон кораке кунанд, дар нақши хоксорак бозӣ мекунанд:
"Ба хотири Худо", "ба хотири миллат", "ба хотири Ватан"...

Ман хоксор нестам. 
Ман ҳама коре кардаам, барои худам кардаам. 
Ба хотири худам кардаам.

Ҳукуматҳоро дӯст намедоштам ва ба ҳукуматҳо дар мухолифат будам. 
Маҷнуни Озодӣ будам ва ҳамаро ба Озодӣ мехондам.

Барои ман дар зиндагӣ ягон нафаре набуд, ки бар ӯ тақлид карда бошам. Ба ҷуз Атовулло Асадов. Падар ва дӯсти азизтаринам. Аммо, афсӯс, ки ними ними одамият, ҳиммат, саховат ва шарофати Ӯ дар ман нест!

Тамоми гуноҳҳои сағиру кабир дар ман ҳаст. 
Ман куллиёти гунаҳҳоям.

Аммо ба касе хиёнат накардаам! 
Ҳазрати Додо, бишармед, аз худ фаришта насозед. (Хандаи деворшикан)

Боз аммо: "бамаънишка" нестам. Ва бамаънишкаҳоро бад мебинам!

...Касе хиёнат кунад, ба номусам бирасад, намебахшам. Бо ҳар роҳ, дер ё зуд интиқом мегирам.

Ба ягон кас миннат намекунам, ки ин кардаму он кардам. 
Ҳар кас маро ба қадри ҳиммату ҳикмати худ мешиносад.

Танҳо гоҳо ба як кас меҷангам ва баҳс меороям: 
Зиндагӣ чанд бор ба даст меояд ва ту онро сарфи чӣ кардӣ?

Миллат? 
Ҳамин миллате, ки ҳар рӯз бар тори сарат мериҳад?

Озодӣ? 
Ғуломонро ба озодӣ хондан гуноҳи кабира нест?

Шӯҳрат? 
Чанд кас сано гуфт?

Ҳатто ононе, ки барояшон нону ном додӣ, ба ту метозанд, аз хабису наҷисе чӣ гила?

...Ин ҳама дебочае буд. 
Акнун асли сӯҳбат: 
Нонхӯраку нонгадоёни Кабирӣ ҳама ҷо овоза паҳн кардаанд, ки ман ба ҳукумат фурӯхта шудаам.

Агар як сифати хубе дошта бошам, танҳо ҳамин аст, ки фурӯхтаннашавандаам!

Бо ман метавон ҳамсафар гашт, бо ман метавон дӯстӣ кард, аммо на савдо, аз ҷумла савдои сиёсӣ.

Ман рози ниҳон надорам. 
Саҳфагардон кардани саҳфаи ман дар Фейсбук кофист, ки маро бишносӣ ва аз ғусса, қисса ва ҳар чӣ бо ман мегузарад, огоҳ бишавӣ.

Агар рӯзе ба Ватан баргардам, ҳатман қабл аз сафар эълон хоҳам кард ва фотиҳаи роҳи сафед хоҳам хост.

Барои харони кӯр: 
Дар интихоби ҳукумат ё наҳзат ман ба ҳукумат тарҷеҳ медиҳам.

Барои ба ном муборизакони питхеф: 
Чаро ман аз Кабирӣ зиёд мегӯям? 
а) миёни оппозитсияро Кабирӣ шикаст. Орзуҳои мардумро кушт. 
б) то Кабирӣ ҳаст ягон вақт оппозитсияи воқеъӣ ба ҳам намеояд ва на танҳо ба пирӯзӣ ноил намегардад, балки ба садсолаҳо умри ҳукуматро тӯлонӣ менамояд. 
в) вазифаи ман ин харсангро аз сари роҳ дур афкандан ва пасон идома додани роҳ асту бас. 
г) барои ман як падида изтиробангез аст: кабириҳо ва ҷазириҳо хатаре барои оянда доранд. Онҳо мағзи ҷавононро хароб менамоянд, ки дар пас фоҷиаҳое дорад. Вагарна шахсан барои худи ман бо Кабирӣ будан хеле роҳат буд. Ман дар он майдони ошно гули сари сабад будам.

Бозгашт ба пешгуфтор:
Барои ман муҳаббат ё нафрати Раҳмон ё Кабирӣ муҳим нест. Барои ман ояндаи миллат ва Тоҷикистон болотар аз ҳама аст.

Дигар ҳар касу дави аспаш! 
Дигар ҳеҷ! 
Точка!
Д. А.

Сарчашма: https://www.facebook.com/dododjon.atovulloev/posts/2100184473334115


Қабули шаҳрвандон

Раиси ноҳияи Роштқалъа

НАЗАРШОЗОДА Лоиқ Мирак 
Рузҳои қабул:
рузи Сешанбе, 
аз соати 10:00 то 12:00
рузи Шанбе, аз соати 08:00 то 12:00

Роҳбарон

НИЁЗМАМАДОВ  Вафобек Элчибекович
Муовини якуми раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.:
 
ГУЛАМАДШОЗОДА Роза Иқболшо
Муовини раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.:
МАМАДРАИМОВ Занҷирқул
Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.: