Роғун ба сарнавишти террористҳои ҲНИ нуқта гузошт
Ба кор даромадани агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун бо ширкати мақомот, депутатҳо ва ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон баргузор шуд. Ҳамаи намояндаҳои ҳизбҳо изҳор доштанд, ки Роғун ормони миллии тоҷикон буд ва акнун Тоҷикистон ба пешрафтҳое даст меёбад. Пешрафтҳое, ки то се сол пеш ҳизби террористиву экстремистии наҳзат аз онҳо ба мардуми тоҷик афсонаҳо мегуфт. Вале ҳоло ин афсонаро мардуми тоҷик таҳти раҳбарии пешвои худ воқеӣ мекунад.