Шукуфоии меҳан - маргу заволи ТТЭ ҲНИ!
Ҳафтаи сипаришуда тамоми тоҷикони дохиливу бурунмарзӣ бесаброна санаи 16-уми ноябрро интизорӣ мекашиданд. Зеро дар ин санаи фархунда барои халқи тоҷик имсол ид болои ид омад ва таҷлили се санаи муҳими таърихӣ: Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии тақдирсоз, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани аввалин агрегати НОБ-и "Роғун" мавриди истиқболи беназири миллат қарор гирифт.