Аз марги инсон ҳангома сохтан ноҷавонмардист (Ҷавоб ба Ахбор.ком-пойгоҳи иттилоотии навбосмачиҳо)
Файзинисо Воҳидова, зане буд, ки бовиқор зист, ҳарф гуфт, мавқеъгирӣ кард ва ба сакуи ёдҳо баргашт. Тоҷикистонро тарк накард. Сиёҳ накард, мардонавор чизе буд, гуфт. Иқрор буд, ки ҳар кишвар иборат аз маҷмӯи дастовардҳо ва камбудиҳост. Агар дар ҷое чавоб гирифта бошад, онро интиқоди созанда медонист. Ислоҳ шуд. Дар ғамиву шодии миллат шарик буд. Шахси фаромаҳаллӣ буд. Точики асил ва бериё. Табаддулотчӣ ба мисли тундравҳо набуд. Таҳавулотгаро буд.