Мирзодиккак ва фоҳишасомонаи ӯ
Табиати як идда хеле аҷиб буда, ин нафарон қодиранд дар қиболи некӣ бадӣ кунанду ашхоси дар ҳаққашон бадиҳои зиёд кардаро болонишин созанд. Бо вуҷуди то гардан дар гуноҳ ғарқ будан, аз худ фаришта метарошанд. Дар ҳоле аъмоли нопоки дигаронро фош карданианд, ки номаи аъмолашон пурдоғ аст.
Чунин шабеҳиро дар кору пайкори Мирзо Салимпул – муассиси фоҳишасомонаи “Ахбор ком” мушоҳида кардам. Қабл аз ҳама мехоҳам шарҳ диҳам, ки чаро “Ахбор ком” фоҳишасомона аст?