Маркази назарсанҷии "Геллап" (Gallup) Тоҷикистонро дар садри кишварҳои амни ҷаҳон ҷой додааст, ки "сокинонаш ба пулис эътимод доранд ва ҳангоми гаштугузори шабона эҳсоси хатар намекунанд".

Натиҷаи ин назарпурсӣ дар ҳоле нашр мешавад, ки бар асари бераҳмӣ ва бадрафтории полис дар як соли охир дар Тоҷикистон дастикам ду нафар кушта ва даҳҳо тан шиканҷа дидаанд.

Гузориши нави "Геллап" охири моҳи октябр нашр шуд ва хулосаи сокинонро дар бораи боварӣ ба пулис ва эҳсоси хатар ва амнияташон дар 142 кишвари ҷаҳон дар бар мегирад.

Дар ин раддабандӣ ё рейтинг Тоҷикистон бо 96, Финландия ва Исландия бо 92-холӣ дар садри кишварҳои амни ҷаҳон ҷой гирифтаанд.

Муаллифони гузориш мегӯянд, аз ҳазор сокини Тоҷикистон рӯбарӯ пурсидаанд, ки ба пулиси маҳаллӣ эътимод доранд ва аз саёҳати шабона дар кишварашон метарсанд, ё не? Ба хулосаи "Геллап", аксари пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки ба пулис эътимод доранд ва ҳангоми гаштугузори шабона хатареро эҳсос намекунанд.

Назарпурсӣ дар 141 кишвар тариқи телефон ё рӯбарӯ сурат гирифтааст. Аз ҳар кишваре ҳудуди ҳазор нафар дар ин назарпурсӣ ширкат кардаанд.

Тақрибан аз 10 нафар 7 нафар ё 71 % дар саросари ҷаҳон гуфтаанд, дар соли 2022 ҳангоми шабона дар маҳалли зисти худ танҳо сайругашт кардан худро амн ҳис кардаанд. 72 дарсад гуфтаанд ба пулиси маҳаллӣ боварӣ доранд. Тақрибан аз ҳашт як нафар гуфтаанд, ки дар соли гузашта амволи онҳо ё аъзои дигари оилаашон дуздида шудааст. Аз 16 нафар як нафар гуфтааст, ки дар соли гузашта мавриди ҳамла ё дуздӣ қарор гирифтааст.

Бори аввал дар чунин як пурсише Тоҷикистон бо гирифтани 96 хол дар ҷои якум ва Либерия бо 49 хол дар зинаи охирин қарор гирифтаанд. Дар чанд соли гузашта ин ду зинаро мутаносибан Сингапур ва Афғонистон ишғол мекарданд.

Ёдгор ДОДИХУДОЕВ, номзади илми филологӣ, муаллими калони кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики ДДБЗТ.

(Дар партави андешаҳои профессор С. Ятимов дар мавриди “Эҳёи миллат – бақои давлат”)

Ҷаҳонбинӣ ин маҷмуаи ақоид, боварҳо ва тасаввуроти як мактаби динӣ, фалсафӣ ё сиёсӣ, ки дар бораи падидаҳо, ҷаҳон, инсон ва ҷойгоҳи ӯ дар ҷаҳони ҳастӣ ва ё дар ҷомеа ва дар тақобул бо масоили иҷтимоӣ ироа медиҳад. Ба иборати дигар, ҷаҳонбинӣ як силсилаи эътиқодот ва бинишҳои куллии ҳамоҳанг дар бораи ҷаҳон ва инсон ва ба таври куллӣ дар бораи ҳастӣ мебошад. Зимни баёни мазкур бояд тазаккур дод, ки ҳар инсон аз рӯзи тавлид ёфтан ба дунёи ҳастӣ ниёзҳои заруриеро ба дунёи маънавият ва дунявият пайдо мекунад. Ин қабл аз ҳама одотест, ки шуури инсон ҳанӯз такмил ва рушд наёфтааст, дода мешавад. Сипас, баъди тадриҷан ба камол расидани ақлу шуури инсон, бо диду биниш ва ҷаҳонбинӣ рӯ ба рӯ мешавад. Маҳз ҷаҳонбинист, ки мақом ва мавқеи шахсияти инсонро дар ҷомеа ба куллӣ нишон медиҳад.

Ещё статьи...

Қабули шаҳрвандон

Раиси ноҳияи Роштқалъа

НАЗАРШОЗОДА Лоиқ Мирак 
Рузҳои қабул:
рузи Сешанбе, 
аз соати 10:00 то 12:00
рузи Шанбе, аз соати 08:00 то 12:00

Роҳбарон

НИЁЗМАМАДОВ  Вафобек Элчибекович
Муовини якуми раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.:
 
ГУЛАМАДШОЗОДА Роза Иқболшо
Муовини раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.:
МАМАДРАИМОВ Занҷирқул
Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.: