ДУШАНБЕ, 07.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи тавофуқи дуҷониба, аз 3 октябр то 7 октябри соли 2023 дар шаҳри Бодканди вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид.

Гурӯҳҳои кории топографӣ 43,32 километр сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мувофиқа намуданд.

Ҷонибҳо дар вохӯрии навбатӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, кори тасвири минтақаҳои боқимондаро идома медиҳанд.

Дар анҷоми мулоқот Протоколи дахлдор ба имзо расид.

Ҷаласа дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.


Қабули шаҳрвандон

Раиси ноҳияи Роштқалъа

НАЗАРШОЗОДА Лоиқ Мирак 
Рузҳои қабул:
рузи Сешанбе, 
аз соати 10:00 то 12:00
рузи Шанбе, аз соати 08:00 то 12:00

Роҳбарон

НИЁЗМАМАДОВ  Вафобек Элчибекович
Муовини якуми раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.:
 
ГУЛАМАДШОЗОДА Роза Иқболшо
Муовини раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.:
МАМАДРАИМОВ Занҷирқул
Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.: