Нашри  эъломияи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ба сархатти хабарҳои пойгоҳи созмони «Анҷумани озодандешони Тоҷикистон» табдил ёфтааст.

Масъалае, ки дар шинохти ин созмон зарурӣ ба назар мерасад, ин аст, ки намояндагони он, аслан аз ҳувияти миллӣ ба фарсахҳо дуранд ва масоилеро мадди назар қарор медиҳанд, ки ба марҷаи танги сиёсӣ ва мафкуравии худ мутааллиқ бошад. Дар ибтидои эъломия тазаккур ёфта аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон вазифадор аст, ки зиндониёни сиёсиро озод намояд. Дар сурате ки дар зиндонҳои мо зиндониёни сиёсӣ нест ва чанд исмеро, ки зикр ёфтааст, ҳаргиз зиндонии сиёсӣ ба ҳисоб намераванд. Аз ин рў, пофишории Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон дар заминаи озод кардани зиндониёни сиёсӣ ба дард намехўрад ва аммо ҳангомаеро дар сатҳи расонаӣ ба вуҷуд меоварад.

Эъломия созондаъвӣ пеш овардаанд, ки Тоҷикистон рўйхати кушташудагони қазияи зиндони Хуҷандро ироа бидоранд. Аввалан, ин қазия марбут ба Тоҷикистон аст ва дахолати дигар созмонҳо ба ин қазия дахолат ба умури давлатӣ талаққӣ мешавад, аз ин лиҳоз, ҳодисаи дар зиндони Хуҷанд ба вуқўъ пайваста масъалаи сирф дохилист ва мақомоти зиддахли давлатӣ онро пайгирӣ намуда, онро мунсифона баррасӣ мекунанд. Сониян, дар тамоми зиндонҳои ҷаҳон падидаҳои муқаррарии фирор аз зиндон ва низоъ ва кашмакашҳо дар ҳудуди зиндонҳо роиҷанд ва касе аз ин навъ ҳодисот ҳангомаю воҳима намесозад, ба ҷуз фурсат талабони мо, ки дар дохилу хориҷи мамлакат ба сар мебаранд. Албатта, ҳодисаи зиндони Хуҷанд ва дурўғ бофӣ дар ин замина ба манфиати гурўҳҳои зидди давлатӣ аст ва онҳо тавассути бароҳ андохтани тавтеаҳою ҳангомаҳои расонаӣ ва иттилоотӣ аз худ дарак додан мехоҳанд. Бар ин асос, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди мухолифи давлат аз мавқеъи зидди давлатӣ амал намуда, ҷиҳати бе обрў сохтани давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар берун саъю талош меварзанд. Солисан, низоъ дар зиндони Хуҷанд тавассути ифротгароёни исломӣ тарроҳӣ шудааст ва дар гириҳоеро, ки аз тарафи сохторҳои марбутаи давлатӣ хомўш карда шуданд, тафсири дурўғ додан ба фоидаи мухолифони хориҷӣ аст. Дар ҷараёни даргирӣ кушта шудани ошубгарон ва муҳимтар аз ин, экстремистони мазҳабӣ (дар феҳристи исми муҷриёни ҳаводиси Хуҷанд нафароне қарор доранд, ки собиқаи ҷинояти ифротигари идинӣ доранд ва бо ин ҷурм зиндонӣ шудаанд) воқеияти амалиёт аст. Чӣ, магар экстремистони мазҳабиро мегузоштанд, ки кормандони зиндонро ба пуррагӣ бикушанд ва ба онҳо кордор нашаванд? Ба назари гурўҳҳои мухолиф, аз ҷумла эъломия пардозони Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон зиндониёни бегуноҳ кушта шудаанд. Бетартибӣ ва ошубро замина гузорӣ кардан ва дар он фаъолона иштирок кардан магар ҷурму ҷиноят нест? Тибқи талаботи ба ном Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, маъмури ин зиндон ва сохторҳои марбутаи давлатӣ бояд мегузоштанд, ки оташи ошуби ифротиёни мазҳабӣ доман мезад ва хонаи мардумро месўхт. Хобатонро ба об гўед. Давлат бесоҳиб нест, ки ҳар нохалаф ва ифротгаро онро соҳибӣ кунад ва дар куҷое хоҳад, тавтеа созад ва аз он ифтихор ҳам намояд.

Сармоягузориҳои хориҷӣ, ки дар заминаи демокросӣ аз ҷониби созмонҳои берунӣ анҷом мегиранд, ба самти демократи кунонии ҷомеа сарф мешаванд. Аммо, он чи ки ба созмонҳои наҳзатӣ ва ба он наздик аз тарафи сармоягузорони хориҷӣ ироа мегарданд (манзур маблағгузориҳои хориҷӣ ба созмонҳои мухолифи ҳукумат), дар роҳи тавтеаю дасисаҳо ва ҳангомасозию иғвогариҳо масраф мешаванд. Яъне бо сармояи хориҷӣ дар хориҷ аз кишвар гурўҳҳои мухолиф барномаҳои зидди давлатӣ ҷурме кунанд ва роҳҳои шикастани давлати миллиро пайгирӣ менамоянд. Ин аст стратегия ва тактикаи гурўҳҳои мухолифи берунӣ.

Садҳо ва ҳазорон тазоҳуротеро, ки дар раъси он Муҳаммадиқболи Садриддин барин шахсиятҳо меистанд, самарае нахоҳанд дошт, чаро ки ин персонаҳо на дар зоҳир ва на дар ботин дар фикри ободии диёр нестанд, чӣ расад ба демокросӣ ва озодандешие, ки аз он доимо лоф мезананд. Зиндониёни сиёсӣ ва гаравгон гуфта ин тоифа танҳо онҳоеро дар назар доранд, ки дар тими наҳзатӣ хидмат кардаанд. Мафҳуми зиндониён ва гаравгононро танҳо маҳдуди чанд нафар «одамони худӣ» кардаанд ва муборизаи лафзию иттилоотии ин қабил марбути онҳост.

 

Фаридуни Ориёӣ


Қабули шаҳрвандон

Раиси ноҳияи Роштқалъа

НАЗАРШОЗОДА Лоиқ Мирак 
Рузҳои қабул:
рузи Сешанбе, 
аз соати 10:00 то 12:00
рузи Шанбе, аз соати 08:00 то 12:00

Роҳбарон

НИЁЗМАМАДОВ  Вафобек Элчибекович
Муовини якуми раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.:
 
ГУЛАМАДШОЗОДА Роза Иқболшо
Муовини раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.:
МАМАДРАИМОВ Занҷирқул
Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.: