Камина бадахшониам ва бо тоҷик будани худ эҳсоси  ифтихор ва сарбаландӣ мекунам. Худро шаҳрванди давлати соҳибистиқлол медонам. Аз имтиёзҳои кишвари озод ва обод бархӯрдорам. Аз дигарон на камаму на бартар.  Шаҳрванди миёнаомории Тоҷикистони азизам, дар ғаму шодии мардум шарик ва хилофи афроди ҷиноятмадор. Зеро ин гурӯҳҳо дар куҷое набошанд, ҷаҳонбинии  чаппа ва хилофи ободкорӣ доранд, қонунро намепазиранд, аниқтараш қонунро бо зерқонунҳои  ҷангалии худ, иваз кардаанд. Мулкро тасаввур мекунанд, бедарвоза ва бесоҳиб аст. Ин гуна тафаккур доранд, аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ. ГМҶ-и шаҳри Хоруғ бо таваҷҷуҳи миқдоран кам будан, худро ғамгусори мардум вонамуд мекунанд, ҳоло он ки дар бетартибӣ ғутаваранд ва аз дасташон ҳеч чиз намеояд.

  

Ана, дидед, ки 22-уми октябри соли 2018, саркардаҳои ГМҶ бо ду дасти адаб ба Прокуратураи вилоятӣ дар шаҳри Хоруғ омада, худро дар назди қонун гунаҳкор ҳисобида, ба истилоҳи ҳуқукдонон, «ОГОҲИИ РАСМӢ» ба онҳо эълон шуд. Ҳолдонҳо медонанд, ки баъд аз ин маросими қонунӣ дар сурати такрори ҷиноят ва ё шарик шудан дар ҷинояту қонунвайронкунӣ, ин афроди ҷиноятпеша ба ҷавобгарӣ кашида шуда, нисбат ба онҳо  ҳукми адои ҷазо дар муассисаҳои ислоҳӣ раво дониста мешавад.

Яъне ГМҶ-и шаҳри Хоруғ ба ҷурму ҷиноятҳои содиршудаи худ дар тӯли 27 сол иқрор шуда, дар маърази ом дар назди ҳарфи қонун ва мардум, савганд ёд карданд, ки дигар бо сари хаму эҳсоси «ҳайфи ту» наметавонанд, «роҳнамоӣ»-и ҷавонони соддалавҳи хоруғӣ  бошанд. 

    

Вақте ки сухан дар бораи саркардаҳои гурӯҳи муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ меравад, ба тааҷчуб меоӣ, ки ин 5-6 нафар то кадом дараҷа моҳирона мардумро дар гарави нақшаҳои ботили худ гирифтаанд.

Чун ниҳодҳои қудратӣ иқдоме сари онҳо анҷом доданианд, мебинӣ ба эҳсосоти мазҳабӣ нохун зада, худро «пайравони тариқат» ва ғамхори нубуват мепиндоранд.

Ҳоло он ки агар аз пайрави аслии ин тариқат пурсӣ барои тарафдорони ин мазҳаб онҳо дар тули 27 сол чӣ карданд, ҷавоби манфӣ мегирӣ.

Дар бинои Прокуратураи вилоят дар шаҳри Хоруғ, бо ҳарфҳои заррин навиштаанд: «Агар хоҳӣ озод бошӣ, ғуломи қонун бош».  Басо суханони мантиқӣ. Ин суханон бояд сармашқи фаъолият ва рафтору кирдори мардум дар шаҳри Хоруғ бошад, то дигар қувваҳои бадхоҳ зеҳнияти онҳоро дигар ба гарав нагиранд. 

 Баргаштани ГМҶ ба зери чатри қонун, яке аз дастовардҳои 1 моҳи охири Ситоди байниидоравии тартиботи амният ва волоияти қонун мебошад.  Маълум аст, ки ин дастовардҳо, натиҷаи фосилавии Ситоди номбурда мебошанд ва кор дар ин самт идома меёбад.

 

Мамадов Носиршо, омӯзгори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе, зодаи шаҳри Хоруғ, сокини комилҳуқуқ ва боифтихори  шаҳри Душанбе.

 

    

 

 

 

 

 

 

       

 


Қабули шаҳрвандон

Раиси ноҳияи Роштқалъа

НАЗАРШОЗОДА Лоиқ Мирак 
Рузҳои қабул:
рузи Сешанбе, 
аз соати 10:00 то 12:00
рузи Шанбе, аз соати 08:00 то 12:00

Роҳбарон

НИЁЗМАМАДОВ  Вафобек Элчибекович
Муовини якуми раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.:
 
ГУЛАМАДШОЗОДА Роза Иқболшо
Муовини раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.:
МАМАДРАИМОВ Занҷирқул
Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.: