Хоинони миллати тоҷик – намояндагони ТЭТ ҲНИ барои расидан ба манфиатҳои шахсии худ аз ҳамаи роҳҳо истифода кардаанду карда истодаанд. Яке аз ин роҳҳо фиреби ҷавонони камтаҷриба ва ноогоҳ аз вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. 

Яъне онҳо ҷавононро ба доми фиреби худ кашида худро ҳомӣ ва дилсӯзи дини мубини Ислом нишон дода аз онҳо ба манфиати худ истифода мебаранд. Ба воситаи онҳо амалҳои тахрибкорона ва хусусияти террористӣ-экстремистидоштаро роҳандозӣ карда фазои орому осудаи кишварро мехоҳанд халалдор намоянд. Баъзе аз ин гуна ҷавонони фиребхурда дар хориҷи кишвар, дур аз ватан, дур аз волидайн ва хешу ақрабо ба чӣ ҳасратҳое зиндагӣ доранд, ки ҳатто баъди маргашон низ ҷасади онҳо аз хоки поки ватан маҳрум мегардад. Вафоти нафари 46 солае, ки гуфта мешавад аз наздикони Абдуллои Нурӣ будааст гувоҳи ин гуфтаҳост. Номбурда дар шаҳри Дортмунди Германия фавтида ҳамонҷо дур аз ватан ба хок супурда шуд. Инро шунида бояд ҳар шаҳрванди ин кишвар махсусан ҷавонон ба худ андеша намоянд, ки оқибати хиёнат ба ватан чунин аст, ки ҳатто ватан ҷасади онҳоро ба худ роҳ намедиҳад. Ҷавонони кишвар бояд илму ҳунар омӯзанд, аз илму технологияҳои замони муосир баҳравар шуда ватани азизамонро обод созанд.

 

Имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Имом Абӯҳанифа ш. Ҳисор Фозилов Шарофиддин


Қабули шаҳрвандон

Раиси ноҳияи Роштқалъа

НАЗАРШОЗОДА Лоиқ Мирак 
Рузҳои қабул:
рузи Сешанбе, 
аз соати 10:00 то 12:00
рузи Шанбе, аз соати 08:00 то 12:00

Роҳбарон

НИЁЗМАМАДОВ  Вафобек Элчибекович
Муовини якуми раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.:
 
ГУЛАМАДШОЗОДА Роза Иқболшо
Муовини раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.:
МАМАДРАИМОВ Занҷирқул
Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.: