Дар таърих ягон давлат дар фазои холӣ аз кашмакашу талошҳои пайваста ва қурбониҳои бешумор ба вуҷуд наомадааст.
Аз ҷумла, таъсисёбии кишваре бо номи Тоҷикистон дар соли 1924 ҳамчун давлати худмухтор дар тобеияти Ӯзбекистон ва соли 1929 чун кишвари алоҳида осон набуд. Зеро тоҷикон бештарини сокинони Осиёи Марказиро ташкил дода, қадимтарин миллати муқимии ин минтақа бошанд ҳам, чашми нотавонбинон онҳоро намедид.
Барои ин дастоварди таърихӣ дар баробари бузургоне чун Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур низ, талош бурда, ҷавонмарг шуд.
Ҳақиқат ҳамеша талх аст. Имрӯз соҳибистиқлолӣ имкон фароҳам овардааст, ки ҳақиқатҳои талхи нуҳуфта ифшо шаванд ва роҳи расидан ба ин рӯзҳои пирӯз равшан гарданд. Ҳоло дар бораи як номаи сарнавиштсози ӯ ба унвони Иосиф Сталин ҳарф мезанем, ки ормонномаи як миллати бузург бо номи тоҷик аст.
Аз соли 1924 сарварони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Абдулқодир Муҳиддинов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад барои аз ҳайъати Ӯзбекистон баровардан ва ҳамчун давлати мустақил таъсис додани Тоҷикистон, ҳамчунин, ба Тоҷикистон баргардонда шудани Хуҷанд, Бухоро, Самарқанд, Сурхон ва дигар минтақаҳои тоҷикнишин муборизаро сар карданд. Муборизаи онҳо, албатта ғоявӣ буд ва аксаран дар номаҳои онҳо, ки ба унвони ниҳодҳои дахлдор, бавижа сарвари вақт Сталин ирсол шудаанд, инъикос меёбад.
Яке аз чунин номаҳои сарнавиштсоз номаи Шириншоҳ Шоҳтемур аст. Дар бораи аҳамияти таърихии ин мактуб, ки аввалин номаи халқи тоҷик ба номи доҳӣ аст, пажӯҳижгарону равшангарони тоҷик бисёр навиштаанд ва таҳлили онҳо маҷоли бештар мехоҳад. Матни пурраи он ҳам ҳаҷман калон буда, ба забони тоҷикӣ бори аввал 7 декабри соли 1989 дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» бо тарҷумаи Қамчинбек Насруллобеков ва Қурбон Аламшоев интишор ёфт.Чӣ тавре ки Қурбон Аламшоев дар суҳбат бо мо изҳор дошт, чопи ин нома ба забони тоҷикӣ осон набудааст. Ноширон аз оқибати кор андешида, чопи онро мавқуф мегузоштанд, зеро замон ҳанӯз ҳам замони шӯравӣ буд. Аммо бо пофишориҳо ниҳоят нома ва гузоришномаи иловагии Шириншоҳ Шоҳтемур чоп шуд.
Номаи аслӣ бо ду замимаи он дар бойгонии ҳизбии Институти таърихи Партияи Коммунистии Тоҷикистон, дар фонди рақами 1, номгӯи 1, делои 925 нигаҳдорӣ мешавад. Қамчинбек Насруллобеков ва Қурбон Аламшоев баъди омӯзиши мактуб ба хулосае омадаанд, ки Шириншоҳ онро 25 майи соли 1925 иншо намуда, ҳангоми яке аз сафарҳояш ба Москва ба Кумитаи Марказии ҳизб (КМ ВКП (б) супурдааст. Аз Москва то Душанбе нома бидуни визаи Сталин расидааст ва аз ин тахмин задаанд, ки шояд онро худи доҳӣ нахондааст. Аммо як чиз равшан аст: «Мактубро корманди КМ ВКП (б) Б. Кулбешеров мутолиа карда, 25 июни соли 1926 ба Сотсков ном шахси дигар фиристода, хоҳиш кардааст, ки Бюрои Осиёмиёнагии КМ ВКП (б) - ро пурсанд, ки доир ба ин масъала чи кор кардааст». Чи чора андешидааст, равшан нест, аммо 7 июли соли 1926 он ба бойгонӣ супурда шуд. Таҳлилу баррасии муҳимтарин ҷанбаъҳои нома барои имрӯзиён зарур мебошад.
Табартақсим, асосан, ба миллати тоҷик гарон афтод, зеро мо на танҳо аз шаҳру навоҳии бостонӣ ва китобу сарчашмаҳои нодири худ, балки аз бештари ҳуқуқҳо низ маҳрум шудем.
Яке аз масъалаҳое, ки Шириншоҳ Шоҳтемур ба миён мегузорад, инкор шудани тоҷикон дар ҳудудҳои тоҷикнишин мебошад: «Аз тасвири мавқеи тоҷикон дар территорияҳои собиқ республикаҳои Туркистон ва Бухоро то саршавии тақсимот ибтидо мегирад. Аз аввал худи мавҷудияти тоҷикон, ба ғайр аз тоҷикони территорияи Бадахшони кӯҳӣ – Помири ғарбӣ инкор мешуд». Мавсуф ҳарфи худро бо мақолаҳои дар ин маврид чопшудаи ҷаридаҳои «Зеравшан» ва «Туркистон» дар соли 1924 асоснок мекунад. Бори дигар собит мешавад, ки матбуот дар он замон ҳам барои сохтани мафкураи мардум сахт таъсиргузор будааст.
Дар бораи забон: «Дар республикаи Бухоро ҳаштсаду ду ҳазор тоҷикон ва дусад ҳазор қирғиз зиндагӣ мекард. Қирғизҳо мактаби худ ва ба ҷуз ин, дар назди КИМ Бухоро шуъбаи қирғизӣ доштанд. Тоҷикон бошанд, аз ҳуқуқи ба забони модариашон гап задан маҳрум буданд». Ин ва дигар далелҳоро оварда, талаб мекунад, ки дар ҳудудҳои тоҷикнишин мактабҳои тоҷикӣ боз шаванд, то мавқеи забони мо маҳдуд нагардад. Шириншоҳ Шоҳтемур ҳалли масъалаи тоҷикро барои Иттиҳоди Шӯравӣ аз он ҷиҳат муҳим медонад, ки тоҷикони форсизабон дар ҳудудҳои Афғонистон, Эрон ва Ҳиндустон зиндагӣ мекунанд. Танг кардани мавқеи онҳо зидди ҳуқуқҳои умумибашарист.
Бо дилсӯзӣ боз ҳам таъкид мешавад: «Забони тоҷикӣ баъди тақсими Осиёи Миёна ба таъқиби боз ҳам бераҳмонатар дучор шуд. Дар вақти тақсимоти миллӣ - территориявӣ, моҳи августи соли 1924 собиқ ТуркЦИК дар пленуми охиронаш намоишкорона иқрор гашт, ки дар Туркистон халқияти тоҷик вуҷуд доштааст».
Шириншоҳ Шоҳтемур натиҷаи ин ҳама талошҳоро таъсиси Институти педагогӣ дар Тошканд барои тоҷикон медонад, аммо аз он норозист, ки бо гузаштани 2 сол ин институт ҳамагӣ 171 донишҷӯ ва ду синфхонаи хурди назарногир дорад. Бонги изтироб мезанад, ки «моҳи сентябри ҳамин сол (1924) дар шаҳри Самарқанд нашри рӯзномаи «Овози тоҷик» оғоз ёфт, вале паҳншавии он ба таври ғайрирасмӣ манъ мешавад». Бидуни шубҳа, сабаби манъ шудани чопи рӯзномаи тоҷикӣ нуфузи забони тоҷик байни сокинони Осиёи Марказӣ буд, ки ҳамагӣ ин забонро неку медонистанд.
Як таҳлили дигари муаллифи нома дар мавриди таълим ба забони тоҷикӣ ҷолиб аст: «Соли 1925 бо талаби боисрори тоҷикон дар шаҳри Самарқанд курсҳои чормоҳаи тайёр кардани муаллимон кушода шуданд. Вақте ки муаллимон ин курсҳоро хатм карда, ба зодгоҳашон баргашта, тадрисро ба забони модариашон оғоз намуданд, онҳоро ба таъқибкунӣ оғоз карданд ва охирон бо ҳар гуна таҳдид таълимро ба забони тоҷикӣ манъ намуданд». Аз ин бармеояд, ки ташкили иҷбории курсҳои омодакунии кадрҳо саҳнае беш нест, зеро мутахассисони омодашударо ояндаи торик интизор аст.
Ҳамчун далел воқеаи Ҷашни 1 - солагии Республикаи автономии Тоҷикистонро ёд мекунад. Мувофиқи он, 15 марти соли 1926 дар ҷашни таъсисёбии Тоҷикистон коргарони заводҳои Тошканд ва донишҷӯёни тоҷик ҷамъ омада, тантана оростанд. Он анҷумани фараҳафзоро дареғ, ки бо забони бегона бурданд ва ин боис шуд, ки тоҷикон эътироз баён кунанд. Эътирозгаронро бо ҷурми бетартибӣ ва шовинистӣ ба муҳокимаи партиявӣ кашида, як донишҷӯро аз Ҳизби Коммунист хориҷ карданд. Муаллифи номаи пурсӯз дар ҳамин нуктаи нома чунин хулоса мебарорад: «Шояд ин донишҷӯро аз сафи ҳизб хориҷ намуданд, боз дигару дигарон ҳам хориҷ мешаванд, вале охир, решаҳои масъалаи миллӣ ҳанӯз ҳам дарунтар мераванд ва бо хориҷ кардани якчанд руфақо масъала ҳал намегардад».
Пас аз фаҳмондани вазъи умумии тоҷикон ва масъалаҳои муҳимтарини масоили миллӣ ва ёд кардани воқеаҳои нохуш менависад: «Ҳақиқатан ҳам, аҳвол чунин аст, ки заҳри зиддияти (антагонизми) байналмилалӣ оммаи меҳнаткашонро олуда месозад ва арбадаю хархашаи байни миллатҳо такомули шуурнокии миллиро бозмедорад». Ин хулоса бозгӯи он аст, ки пойдевори зиддиятҳо ва нофаҳмиҳои миллӣ дар он замон гузошта шуда, то ҳанӯз идома доранд.
Номаҳои Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва дигарон барои чун давлати алоҳида таъсис ёфтани Тоҷикистон нақши калидӣ бозиданд ва ба таъбири Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ «дили Сталинро ба таъсиси Тоҷикистони шӯравӣ моил карданд». Навиштани номаву гузоришномаҳоро Шириншоҳ ҳанӯз дар замони инструктори шуъбаи ақаллиятҳои миллии КМ ПКТ Богод буданаш оғоз карда буд, ки достони дигарест. Гузоришномаҳои расмии ӯро низ бидуни дарду доғ ва ҳаяҷон хонда намешавад. Мактубҳои паёпайро масъулон хонда, аз ин шуъба ба он шуъба, аз ин кас ба он кас мефиристоданд ва дар ниҳоят ҳама мақомдорони Кремл огоҳ шуданд, ки дар Осиёи Марказӣ тоҷик ном миллати қадимӣ бо забону фарҳанг ва оину анъанаҳои вижаи худ мавҷуд аст. Садо баланд кардани Шириншоҳ Шоҳтемур дар он замон баробари марг буд ва ӯ ҳамчун собиқадори мақомоти ҳизбӣ ва советӣ оқибати меҳандӯстиву миллатпарастиашро медонист, аммо хомӯш буда наметавонист. Хомӯшӣ ва бетарафӣ ба ӯ бегона буд. Ин аст, ки то вопасин нафас ба рисолати худ содиқ монд ва дар 37 - солагӣ баъди хиёнату иғвоҳои душманони худиву бегона дар Москва парронда шуд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»
https://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=44253