29-уми апрели соли 2021, соати 10:45 дақиқа, зимни муноқишаи сокинони маҳаллаҳои Сомониёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кок-Тоши Ҷумҳурии Қирғизистон, шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон ба тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз камони шикорӣ тир холӣ карда, шаҳрванди ҶТ – Амаков Оқил Юнусович, соли таваллудаш 1989, сокини маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфараро аз пешониаш захмдор карданд. Номбурда ба беморхонаи марказии шаҳри Исфара интиқол дода шуд ва вазъи саломатиаш вазнин арзёбӣ мегардад.
Ҳамчунин, худи ҳамин рӯз, соати 11:30 дақиқа, бар асари тирпарронии шаҳрвандони ҶҚ шаҳрванди ҶТ Самадов Саттор Қодирович, соли таваллудаш 1989, сокини маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара аз дасту пояш ҷароҳат бардошта, дар беморхонаи марказии шаҳри Исфара бистарӣ гардид.
Муноқишаи мазкур 28-уми апрели соли 2021, соати 16:00 дақиқа дар мавзеи нуқтаи обтақсимкунии “Головной”, воқеъ дар болои дарёи Исфара ва ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар натиҷаи амалҳои иғвоангезонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон ва сангпартоии онҳо ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон сар зад. Аз сангҳои партофтаи онҳо 7 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Бояд тазаккур дод, ки дар байни шаҳрвандони Қирғизистон, хизматчиёни воҳидоти таъйиноти махсус бо либоси шаҳрвандӣ ҳузур доштанд.