Аз оғози соли нав то кунун инсоният ба мушкилоти бемории сироятии коронавирус COVID-19 рӯ ба рӯ гардида, ҳатто кишварҳои абарқудрати олам, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ қудратҳои бузургеро соҳиб ҳастанд, дар баробари ин фоҷиаи аср оҷиз мондаву аз он ранҷ мекашанд.

Тоҷикистони азизи мо низ ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз асари сирояти ин беморӣ берун намонд. Барои табобати мардуми азизи худ ҷон рӯи каф қарор доранд. Сиёсати дурнигаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз чанд моҳ пеш ба самти анҷоми корҳои омодагӣ барои пешгирӣ аз ин вабои аср нигаронда шуда буд. Дар натиҷа, имконоти мавҷудаи низоми тандурустии мамлакат барои ҷилавгирӣ аз сирояти ин беморӣ равона гардида, ҳамакнун мардуми тоҷик дар марҳилаи гузариш аз ин имтиҳони сангин қарор дорад.Воқеан, ин арсаи имтиҳони навбатии тақдир ва таърих нишон дод, ки мардуми тоҷик чун аҷдоди шарафманди хеш садоқати бузургу беназире ба ормонҳои миллӣ, оини ватандӯстиву ватандорӣ дорад, яъне дар ҳалли тамоми мушкилу муаммои хеш, рафъи душворӣ ва мусибатҳои пешомада аз роҳи таҳаммулпазирӣ, ҳамраъйӣ ва дӯстиву рафоқат пирӯзӣ ба даст овардааст. Имрӯз низ ҳамин садоқат ба ормонҳои худро мардуми азизи тоҷик нишон дода истодаанд ва ҳар яке мехоҳад дар ҳалли ин мушкилот ва рафъи вабо саҳме гузорад. Мутахассисон ва коршиносони тамоми дунё ба ин назаранд, ки шарти муҳими пешгирӣ аз сироятшавӣ ва табобат ёфтан аз бемории COVID-19 роҳ надодан ба тарсу таҳлуқа аст. Ба ақидаи 85% мардум бе ягон мушкилӣ дар шароити хона, ҳатто нафаҳмида, ки ба ин беморӣ дучор шудаанд, онро паси сар мекунанд. Мо дар ин давраи ҳассос бояд якҷо бошем, оромию ваҳдати миллиро ҳифз намоем ва дар атрофи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар душвортарин рӯзҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба хиради азалии мардум, ба таҳаммулпазирии он бовар дошт ва Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ наҷот дод, муттаҳид бошем. Танҳо бо ҳамин роҳ ва албатта, кӯшишу заҳмати шабонарӯзии табибони ҳозиқамон ворисони Абуалӣ ибни Сино метавонем аз ин вабои аср наҷот ёбем. Мудири шуъбаи кор бо занон ва оила: Д.Абдулҳақзода


Қабули шаҳрвандон

Раиси ноҳияи Роштқалъа

НАЗАРШОЗОДА Лоиқ Мирак 
Рузҳои қабул:
рузи Сешанбе, 
аз соати 10:00 то 12:00
рузи Шанбе, аз соати 08:00 то 12:00

Роҳбарон

НИЁЗМАМАДОВ  Вафобек Элчибекович
Муовини якуми раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.:
 
ГУЛАМАДШОЗОДА Роза Иқболшо
Муовини раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.:
МАМАДРАИМОВ Занҷирқул
Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.: