Кӯшишҳои самарабахшу натиҷаовар баҳри рушду нумӯи Сежд- дурдасттарин ҷамоати деҳоти ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон  

Дар ҳошияи дар амал татбиқшавии пешниҳоди Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

        Тавре ҳамагон огаҳӣ дорем, маҳз бо мақсади рушду ободонӣ ва инкишофу тараққиёти инфрасохтори деҳот боз ҳам беҳтар намудани  сатҳи некуаҳволии 73 фоиз аҳолии кишвар, ки айни замон дар деҳот зиндагӣ менамоянд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021- ро соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд.

          Мақсади асосӣ аз ин пешниҳодҳо  дар амалӣ гардонидани талошҳои Хукумати мамлакат барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Тоҷикистони азиз ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ тавассути беҳтар намудани ифрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳи ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин арзёбӣ мегардад.

      Тавре Сарвари давлат зимни суханрониашон таъкид доштанд, «Ҳукумати  мамлакатро зарур аст, ки барои расидан ба мақсадҳои зикршуда дар самти мазкур ва ҳамзамон бо ин ҷиҳати муаррифии мавзеъҳои нодири сайёҳӣ, ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ҳайвоноту наботот ва мероси таърихиву фарҳангӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи зист барои сокинони он тадбирҳои иловагӣ андешида, онро амалӣ намояд».

        Бо эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» метавон бо дилпурӣ иброз дошт, ки ин иқдоми Пешвои миллат боис гардид, ки корҳо дар ин самт ривоҷу равнақ ёфта ва бо итминони комил метавон арза дошт, ки давоми се соли оянда ободу зебо гардидани деҳоти кишвар, дар умум тамоми Ватани азизамонро боз ҳам гулгулшукуфон менамояд.

       Бо ба тасвиб расидани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.05.2018, №АП-1059, ки вобаста ба амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз вазорату идораҳои ҷумҳурӣ вазифадор гардида буд, мардум бо хушнудӣ пазируфтанд. Тибқи Амри мазкур ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба Вазорати энергетика ва захираҳои об вобаста карда шуда, гурӯҳи корӣ аз ҳисоби масъулини дастгоҳи марказии  Вазорат таъсисдодашуда давоми ин ду сол якҷо бо роҳбарияти  Вазорат чандин маротиба ба ноҳияи мазкур  сафарҳои корӣ анҷом дод.

            Дар рафти ин сафарҳои корӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи ноҳия аз ҷамоатҳо, деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини дар қаламрави ноҳия буда боздид ба амал оварда шуда, барои боз ҳам ободу зебо ва баланд гардидани сатҳи некуаҳволии сокинони ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Куҳистони  Бадахшон-ин гушаи дурдасти куҳистони кишвар суҳбатҳову машваратҳои корӣ гузаронида, баҳри дар амал татбиқ намудани онҳо корҳои муайяне роҳандозӣ гардиданд.

             Дар маҷмуъ, ин ва дигар ташаббусҳои наҷибу  созандаи роҳбарияти Давлату Ҳукумат, ки ба сарсабзии диёри аҷдодӣ ва пешрафту некуаҳволии рӯзгори мардуми куҳанбунёди тоҷик нигаронида шудаанд, барои рушду ободии ҷамоати Сежди ноҳияи Роштқалъа низ мусоидат намуд.

           Бояд иброз дошт, ки деҳаи Ҷавшангози ҷамоати деҳоти Сежд, ки аз сатҳи баҳр дар баландии 3500  метр ва дар масофаи 46км аз маркази ноҳия ҷойгир мебошад, чун дигар гӯшаҳои биҳиштосои Тоҷикистони азиз сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва аз  нигоҳи иқлим,  боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои  мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад.

               Мардумаш меҳнатдӯсту меҳнатқарин, соҳиби иродаи қавӣ ва меҳмоннавозӣ мебошанд. Сокинони ин макони зарбахш бо шукргузорӣ   аз ободиву озодӣ ва осудагии ин гӯшаи ватани маҳбуб, ки бевосита бо азму ирода ва кӯшишу талошҳои фарзанди фарзона , Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз аз рӯз боз ҳам ободу зебо шуда истодааст, дастҷамона меҳнат менамоянд.

     Ногуфта намонад,ки бо ба даст омадани соҳибистиқлолии давлату ҳукумати кишвар баҳри ободу бунёд намудани ҳудуди ноҳияи Роштқалъа-ин қисмати дурдасти Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон иқдомҳои созандаро андешида, пайгирона амалӣ намуданд. Маврид ба қайд аст, ки дурдасттарин маҳаллаи аҳолинишини ноҳияи Роштқалъа ин Ҷамоати деҳоти Сежд ба шумор меравад, ки ҳанӯз аз даврони Шӯравӣ шароити зисту зиндагонии сокинони дар сатҳи вазнин қарор дошта,  ва мардум аз надоштани ҷои кор, дар наздик мавҷуд набудани муассисаҳои таълимию табобатии замонавӣ, дар ҳолати садамавӣ қарор доштани баъзе табобатгоҳову таълимгоҳҳо, мавҷуд набудани маѓозаҳои хурокворӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар иншоотҳои муҳими ҳаётӣ ба мушкилоти сахт мувоҷеҳ буданд. Таҳти сарпарастии Ҳукумати кишвар ва роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Чумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ва дар Ҷамоати деҳоти Сежд як қатор корҳои назаррас, аз ҷумла бунёди иншоотҳои гуногун роҳандозӣ гардида, мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки ин мароми созандагиву бунёдкориҳо тарҳи ин Ҷамоати деҳоти дурдастро ба андозае зебо ва зиндагиву рӯзгори мардумро рангинтару гуворотар намуда истодааст. Ҳадафи аз чунин бунёдкориҳо албатта маҳз фароҳам овардани шароити мусоиди зисту зиндагонӣ ва кори барои  мардуми ин гушаи диёри маҳбубамон ба шумор меравад.

              Дар ин раванд бояд қайд намуд, ки баҳри таъмини шароити мусоид барои сокинон бо дасгирӣ ва маблаѓгузории Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Сежд ва бахусус қисматҳои дурдасттарини он як қатор иншоот сохта ба истифода дода шуда дар дигар иншоот корҳо идома дода шуда, як қатор амалҳои хайру созанда анҷом дода шудаанд. Маҳз дар ҷараёни сафарҳои раиси вилоят ва дастгириҳо аз ҷониби онҳо бинои нави ошхона дар назди табобатхонаи минтақавии деҳаи Ҷавшангоз сохта ба истифода дода шуд, насби болопӯш ва корҳои барқии дохили муассисаи таҳсилоти умумии № 41 таъмин карда шуда сохтмони ду Наврӯзгоҳ айни замон идома дорад. Муассисаи таҳсилоти умумии №41-и деҳаи Ҷавшангоз, муассисаи таҳсилоти умумии №38-и деҳаи Нимос бо мизу курсӣ ва дигар маводу масолеҳи сохтмонӣ таъмин карда шуда, фарши муассисаи таҳсилоти умумии №40-и деҳаи Рубот таъмир карда шуд. Илова бар ин дар назди муассисаи таҳсилоти умумии №35-и деҳаи Сежд майдончаи варзишӣ сохта ва ба истифода дода шуда, клуби  Ҷамоати деҳоти Сежд, ки имрӯзҳо барои яксаду чил хоҷагӣ, иборат аз 1,162 ҳазор сокинон хизмат менамояд, бо курсиҳои барои нишасти қулай таъмин карда шуд.

               Ҳамчунин дар ин Чамоати деҳоти дурдаст роҳи мошингарди Хоруѓ –Роштқалъа-Ҷавшангоз дар мавзеи 82 км бо истифода аз маблаѓгузории буҷети ҷумҳуриявӣ таъмир карда шуда, қисмати 71-74 км –и ин роҳ, ки ҳудуди Чамоати деҳоти Сеждро убур менамояд, аз навсозӣ карда шуд.

                Ин ҳама пешравиҳо ва дастгириҳо, ки барои Чамоати деҳоти дурдаст ҳамчун мужда ва қосиди бунёдкориҳои боз ҳам бузург ба шумор меравад. Шоистаи таҳсин ва миннатдории кулли сокинони ин қисмати сарзаминамон гардида дар маҷмӯъ зисту зиндагонии сокинони ин гӯшаи ватани маҳбубамонро тадриҷан рӯ ба беҳбудӣ оварда, кӯшишу ѓайрати онҳоро баҳри ноил гардидан ба дастовардҳои боз ҳам баланд зиёд мегардонад.

         Тамоми сокинони Чамоати деҳоти Сежд, сокинони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва кулли мардуми ин диёри биҳиштосо ,ки номаш Тоҷикистон мебошад, ин иқдомҳои хайру бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллатро бо камоли иззату эҳтиром пазируфта миннатдории худро ба ин фарзанди фарзонаи миллат баён менамоянд ва бо итминони комил метавон иброз намуд, ки ин иқдомҳо , ки ҳадаф аз онҳо ободиву ободкорӣ ва хайру эҳсон аст, таҳти сиёсати созандаву бунёдкоронаи Президенти маҳбуби мо идома хоҳанд ёфт.

                                Раиси Чамоати деҳоти Сежд - Умед Асанбеков


Қабули шаҳрвандон

Раиси ноҳияи Роштқалъа

НАЗАРШОЗОДА Лоиқ Мирак 
Рузҳои қабул:
рузи Сешанбе, 
аз соати 10:00 то 12:00
рузи Шанбе, аз соати 08:00 то 12:00

Роҳбарон

НИЁЗМАМАДОВ  Вафобек Элчибекович
Муовини якуми раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.:
 
ГУЛАМАДШОЗОДА Роза Иқболшо
Муовини раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.:
МАМАДРАИМОВ Занҷирқул
Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.: