Мӯҳтарам Раиси Парламент, муҳтарам собиқ Президенти ҷумҳурӣ
муҳтарам Раиси Ҳукумат, хонумон ва ҷанобон роҳбарияти ҳукумати пешина, роҳбарони мақомоти конститутсионӣ, хонумон ва ҷанобон намояндагони мақомоти миллӣ, соҳибони воломақом, сафирон ва роҳбарияти ҳайатҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Тунис, муҳтарам Муфтии кишвар, муҳтарам Роҳбари яҳудиҳои Тунис, муҳтарам Роҳбари насрониҳои Тунис, ҷанобон ва хонумон, меҳмонони олиқадр аз Мағриб ва аз тамоми бародарону дӯстони мо аз саросари олам.
Эй фарзандони фарзонаи Тунис – дар қаламрави он ва дар хориҷ!
Ин рӯзҳое, ки мардон ва занони Тунис пушти сар менамоянд, саросари оламро дар ҳайрат гузоштааст. Зеро мардуми Тунис роҳҳои нави эҳтироми волоияти қонунро кашф намуд. Ҳеҷ шахсе ин роҳро пештар тай нанамуда буд. Ин комёбии бесобиқае дар таърих ба шумор рафта, инқилоби ҳақиқӣ бо мафҳуми нави он дониста мешавад. Зеро тамоми инқилобҳо – чӣ тавре ки дар урфият қабул гардидааст – бар зидди волоияти қонун пиёда мешаванд, валекин он чизе ки дар Тунис рух дод, инқилоби ҳақиқӣ бо истифодаи василаҳои асосии он буд. Ҳамчунин ин инқилоб - инқилоби фарҳангии бесобиқа низ шумурда мешавад. Инқилобҳои фарҳангӣ китобҳое барои нашр нестанд, балки ин як огоҳии навест. Ин огоҳиест, ки пас аз оромӣ ва пас аз интизории тӯлонӣ шӯрид. Ин лаҳзаҳои таърихие мебошанд, ки маҷрои таърихро тағйир мебахшанд. Огоҳии мардумӣ маҷрои онро ба ҳар самте, ки хоҳад тағйир медиҳад ва ин лаҳзаҳои таърихиро дар Тунис ва дар саросари олам шояд дарк накунанд. Шакке нест, ки ин таърихро ҳатман меомӯзанд ва шояд дар пажуҳишгоҳҳо ва омӯзишгоҳҳо онҳо ин намунаи тунисиро алакай омӯхта истодаанд. Шакке нест, ки бисёр истилоҳҳои сиёсие, ки тайи даҳсолаҳо дар зеҳни мардум ғунҷонида шудааст, аз сари нав бозбинӣ мешаванд.
Аз ин мақом ва аз тамоми гушаву канори олам барои мардон ва занони Тунис ва ҷавонон ва пиронсолон барои талошҳои зиёди онҳо дар шаҳру деҳот, дар куҳистону дар зери офтоби тафсон изҳори сипос менамоям. Онҳо бо тасмиму иродаи хеш саҳифаи наверо дар таърих кушода, маргро барои худ дареғ надоштанд.
Онҳо ба озодию шаъну шарафи миллӣ бартарӣ дода, ба ҳеҷ муқобиле розигӣ надоданд. Ҳамчунин ташаккур барои шахсоне ки роҳи муқобилро барои худ интихоб намуда, дар интихоби худ шубҳа накарданд. Фарзандони ин миллати бузург, ки роҳу воситаҳои ғайритақлидиро аз сарчашмаи боварии сахти худ шикофиданд, ки оғози он аз моҳи декабри 2010 пайдо гардид. Ҳама дар ин ҷо амонатбардорем. Ҳама дар мақоми худ амонатдор аст. Амонати посух гуфтан ба фарзандони ин миллат барои озодӣ ва шаъну шарафи миллӣ. Интизорӣ тӯлонӣ гардид ва касе ҳаққи ноумед кардани ин миллатро надорад. Миллати мо аз ин пул (купрук) гузаштан мехоҳад. Пуле, ки бо хун ва арақи мардум бино гардидааст. Мардум аз ноумедӣ ба ҷониби умедворӣ бояд убур кунад. Аз соҳили дилшикастагӣ ба соҳили ободӣ бояд гузарад.
Мардуми тунисӣ дар рӯзҳои хотирмон танҳо ба давлати қонун (яккаҳукмӣ) қаноат накарда, Тунисро ба як ҷомеаи демократӣ табдил доданд. Ҳама талоши онро доранд, то эҳтироми шахсии худро дар ҷомеа пайдо намоянд. Ҳатто кудакони синфҳои ибтидоӣ ин сифати гумкардаи худро меҷӯянд. Аз зумраи амонатҳо, ки бояд вазнинии онро ҳар як шаҳрванд эҳсос намояд, ин ҳифзи ягонагии Давлати Тунис мебошад. Ҳама меояд ва мераванд, вале Давлат бо тамоми иншооти худ боқӣ мемонад. Ин давлат –давлати ҳамаи мардон ва занони тунисӣ мебошад. Яке аз аввалин принсипҳои давлатдорӣ ин бетарафӣ буда, ҳамаи шаҳрвандон дар эътиқод ва ихтиёрҳои хеш озод мебошад. Аммо сохторҳои давлатӣ бояд аз бозиҳои сиёсӣ берун қарор гирад. Чунин бозиҳо ба монанди ҳашароти меваҳо мебошанд, ки ҳадафи онҳо фарсудани мева қабл аз расидани он мебошад. Фарсудашивии дохилӣ хатарноктарин омил барои давлату ҳукуматҳо ба шумор меравад. Яке аз амонатҳои дигар, ин ҳимояи дастоварду сарватҳои миллии кишвар мебошад ва ҳар як шаҳрванди азизи ин кишвар бояд дар ин самт намуна бошад. Дар ин масъала ҳар як шаҳрванд барои як тангаи моликияти Ватан бахшида намешавад.
Ҳама дар якҷоягӣ, шаҳидон ва маҷруҳони ин инқилобро ба хотир биёрем. Шаҳидоне, ки руҳи худро фидои ин Ватан намуда, то ин лаҳза бо хуни поки онҳо парчамҳо ҷилва мезананд. Онҳо дар муқобили ҳаёти хору залил барои хеш маргро ихтиёр намуданд. Маргро ихтиёр намуданд, то пеши роҳи исрофкорӣ дар моликияти давлатӣ ва корпусияро бигиранд. Аз ҷумлаи амонатҳои дигаре ки аз амонатҳои пештара камӣ надорад, мубориза бо терроризм ва нобуд сохтани тамоми василаҳои он мебошад. Як тире ки аз ҷониби террорист кушода мешавад, бар муқобилаш борони тирҳо равона мешавад, ки андоза надорад. Дуруд ба нерӯҳои мусаллаҳи низомӣ, нерӯҳои амнияти дохилӣ ва полис, ки ҳамеша бо оташу оҳани терроризм ва бо дигар намуди ҷиноят рӯ ба рӯ гардида, бисёре аз онҳо ҷони худро аз даст додаанд. Дар ин мақом дар бораи тамоми амонатҳо сухан гуфтан имкон надорад. Пас, мардуми мо амонат аст, давлати мо амонат аст, амнияти мо амонат аст, нолаи камбизоатон амонат аст, табассуми кудаки ширхора дар гаҳворааш амонат аст, пас ҳамаи ин амонатҳоро бо самимият ва иродаи қавӣ ба душ гирифтан лозим аст.
Хонумон ва ҷанобон, ҳозирони гаромӣ аз Тунис ва хориҷи он, меҳмонони гиромӣ! Дар ин маврид барои гуфтани паёмҳо ягон сабаб вуҷуд надорад, зеро онҳо аз чандин минбарҳо алакай гуфта шуда, барои ҳамагон он гуфтаҳо расидаанд. Ҳар касе ки ин гуфтаҳоро шунидан намехоҳад ва ё фаъолияти хешро дар чорчуби қонун анҷом додан намехоҳад, пас боварии комил дошта бошед, ки озодие ки дар чорчӯби қонун амал мекунад бо хуни гарони мардум ба даст омадааст. Зери шиору лозунгҳои касе, онро тавони бозпас гирифтан надорад. Ҳар касе ки бозпас гаштан мехоҳад, ӯ дар назди сароб (мираж) об ҷуста, бар зидди раванди таърих ҳаракат мекунад.
Ҳамчунин ҳама дилпур бошанд, ки дар ин замина касе ҳуқуқи поймол кардани занро надорад. Имрӯз занон дар масъалаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бештар ба дастгирӣ ниёз доранд. Зан дар хона, корхона ва заминҳои корам заҳмат мекашад. Шаъну шарафи Ватан ин шаъну шарафи шаҳрвандон – занон ва мардони он баробар мебошад.
Мардуми бузурги мо, ки барои озодӣ талош меварзад, бо ҳамин нерӯю иродаи қавӣ барои адолат талош меварзад. Дилҳо аз зулму беадолатӣ дар тамоми соҳаҳо танг гардидаанд. Кудакон даст ба худкушӣ мезананд ва ё дар фикрӣ худкушӣ афтодаанд. Акнун замоне расидааст, то барои амалӣ кардани умедҳои мардум барои кору фаъолият, озодӣ ва шаъну шарафи миллӣ саъю талош варзем. Мо дар ин масъала аз ташкилотҳои ватанӣ умед дорем, ки пешниҳодҳои худро матраҳ менамоянд. Дар ватандӯстии аъзоёни он ташкилотҳо, шубҳае нест. Қобилияти онҳо дар ҳалли масъалаҳо ва пешниҳоди дурнамоҳои нав барои бартарф намудани ҳамаи бӯҳронҳо қавитар аст.
Мардуми шарифи мо имрӯз ба ҳама паёми равшан фиристода, ҳамаро барои бартараф намудани буҳрони кишвар даъват дорад. Зеро шахсе, ки барои Ватан, хуни худро дареғ надошт, барояш кору моли худро низ дареғ намедорад. Бештари мардуми Тунис дар дохил ва хориҷи он барои бартарф намудани хисоратҳои Давлат ва раҳоӣ ёфтан аз вому қарзҳо як рӯзи кории худро дар давоми панҷ соли оянда барои Ватан мебахшанд. Мардуми Тунис – зану марди он ба робитаҳои бовариноки наве байни роҳбар ва коргар ниёз доранд. Пас ҳама барои аз нав эҳё намудани ин робитаи гумшудаи чандинсолаҳо саҳм гузоред. Ҳаққи мардум бузург буда, ҳуқуқи онҳо қонунӣ мебошад. Пас касе ҳаққи нодида гирифтан ва фаромуш кардани ин ҳуқуқҳоро надорад.
Яке аз паёмҳое ки дар ин мавзеъ ва пас аз ҳар як интихобот гуфтан лозим аст, агарчӣ гуфтани он зарурате надорад, зеро Тунис давлатест, ки бо муассисаҳои худ устувор аст ва на бо шахсиятҳое ки идораи давлатро дар даст доранд. Давлати Тунис бо тамоми созишномаҳои байналмилалиро эҳтиром ва риоя менамояд, агарчӣ баъзе самтҳои он ба манфиати мардум бояд азнавбинӣ шаванд. Аз созишномаҳои навишташуда ва моддаю бобҳои он, муҳимтар ин ҳамдигарфаҳмии миллату қавмҳо аст. Ин масъала ба хотири манфиати тамоми инсоният аст. Бори дигар таъкид кардан лозим нест, ки робитаҳои мо бо бародарони худ дар Марокеш, Африқо, кишварҳои арабӣ ва бо дӯстони мо дар шимоли баҳри Миёназамин ва бо ҳама касоне, ки орзуву умеди кишвари мо шариканд, мустаҳкам мебошанд. Тунис дар ҳамаи қазияҳои одилонаи худ ғолиб мебошад ва дар сархати онҳо қазияи мардуми мо дар Фаластин аст. Ҳаққи фаластинӣ нодида гирифта намешавад, чи тавре ки гузаштаҳо бар ин гумон доштанд. Зеро замини Фаластин порчаи замине дар дафтарҳои натариус сабтшуда нест. Ин заминест, ки дар виҷдони ҳар як тунисӣ боқӣ монда, дар дили онҳо нақш бастааст ва он чӣ дар дилҳо нақш мебандад, бо лағви созишномаҳо пок намегардад. Ин мавқеъгирӣ албатта бар зидди яҳудиҳо нест. Мо онҳоро дар Тунис ҳимоя кардем. Вақте онҳоро дунболгирӣ мекарданд, мо онҳоро ҳимоя мекардем. Валокин ин гуфтаҳо бар зидди нерӯи ишғолгаро ва бар зидди миллатгароёни яҳудӣ мебошад. Акнун вақте расидааст, то ҳама якҷоя пеши роҳи ин зулме, ки зиёда аз як аср идома дорад, бигирем.
Мо ба сӯйи олами нав талош варзида, дар сохтани таърихи навин саҳмгузор хоҳем буд. Ҷониби инсоният бар дигар ҷанбаҳо ғолиб хоҳад буд.
Хонумон ва ҷанобон, мардуми шарифи Тунис! Ҳама медонанд, ки чолишҳо бузург ва масъулиятҳои ҷиддӣ мебошанд, вале танҳо бо иродаи қавии мардуми бузурги Тунис ва талоши он барои гузариши ин марҳила, ҳама монеаҳо паси сар мешаванд. Масъулияти аввалиндараҷаи сарвари давлат ин ҳамеша рамзи ягонагии Давлат, кафили истиқлолият ва устувории он буда, барои риоя ва эҳтироми Конститутсия бехобӣ хоҳад кашид. Ӯ бояд мардумро дар атрофи худ ҷамъ намуда, тамоми вазнинӣ ва душвориҳоро таҳаммул намояд. Касе бар касе бартарӣ надорад, магар бо дӯстдории ин Ватани азиз ва ғамхорӣ ба халқ, то он вақте ки парчами миллат ба насли оянда супурда шуда, дар баландиҳои осмон партавфишонӣ кунад.