Шабаҳе болои Бадахшон пар мезанад, аммо чаро касе ӯро намебинад?
- ГУРГОШТӢ
Ҳақиқатҳое, ки аксарият медонанд, вале бо ду даст чашмони худро мепӯшанд, ки набинанду насӯзанд. Дар тамоми даврони Истиқлол дар Помир дуҳокимиятӣ вуҷуд дошт. Яке - ҳукумат ва дигаре - намояндагони мухолифат. Шахсҳо иваз мешуданд, масоҳат ва марзи нуфузи тарафҳо кӯчаку бузург мегашт. Гоҳо ба ҳам метохтанд, гоҳе ба ҳам месохтанд. Номҳои тарафи ҳукумат ёдам нест. Ба ҷуз доктор Шодихон Ҷамшедов, ки парерӯз омад ва дирӯз рафт. Аммо номи "ҳокимони кӯча" дар хотирам нақш бастааст: Алёш Горбун (Абдуламон Айёмбеков), Маҷнун Паллаев, Имомназар Имомназаров, Холбаш Холбашов...