НБО РОҒУН - ФОҶЕА БАРОИ «AKHBOR.COM»
Тавре ки мардуми шарифи Тоҷикистон огоҳанд, 16 ноябри соли 2018 Нерӯгоҳи барқӣ- обии Роғун ба кор медарояд. Ин рӯз дар таърихи миллати мо бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад ва саҳифаи наверо дар ҳаёти тамоми тоҷикистониён хоҳад кушод. Зеро интизориҳои деринаи мардуми мо самар медиҳад ва ин иншооти азиму муҳими аср ба кор сар мекунаду ба зиндагии мо нуру сафо меорад.