НОМАИ САРКУШОДАИ М.ВОҲИДОВ, УЗВИ ПУШАЙМОНШУДАИ ТТЭ ҲНИ
«ДАР БОРАИ ПОШ ХУРДАНИ САФҲОИ ОППОЗИТСИЯ ДАР ЕВРОПА ВА КИШВАРҲОИ НАЗДИ БАЛТИКА»
ҚИСМИ 1
Ба мулоҳизаҳои сиёсӣ ва амнияти шахсӣ, муаллифи ин мақола, аз ифшои номаш ибо варзидааст. Бо ирсоли ин баёнот аз яке аз кишварҳои соҳили назди Балтика, зикр кардааст, ки «дарки ватандӯстӣ ва пешгирии ҷиноятҳои ҳаракатҳои шариатмадор, ҷиноятпешаи ТТЭ ҲНИ ва қаноти ҷангии он «Ансорулло», ки дар талоши такрори ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузашта мебошанд, ӯро водор кардааст, бо таҳияи ин баёнот ба шакли «маросими савгандёдкунӣ»-и фарогир дар байни аъзоёни қатории ин ҳизб, ки бо таблиғоти роҳбарони он, Ватанро тарк кардаанд, доман бизанад.