Назарзода бо супориши Кабирӣ табаддулот карда буд
Бо вуҷуди заифу нотавон гардидан ва дар назди мардуми кишварамон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ расво шудани ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ, роҳбарону фаъолони фирории он амалҳои палидона ва душманонаи худро нисбат ба Тоҷикистон қатъ намекунанд. Ҳолати мазкур бори дигар исбот мекунад, ки наҳзатиҳо неруи мустақил набуда, аз ҷиҳати моддию маънавӣ вобастаи доираҳои манфиатдори хориҷӣ мебошанд ва дастуру супоришҳои онҳоро иҷро менамоянд. Дар баробари ин, наҳзатиҳо бо таълиф ва нашри матлабҳои иѓвоангезона ва туҳматомез кўшиш мекунанд, ки худро сафед карда, Ҳукуматро айбдор намоянд. Мақолаи «Ногуфтаҳо ва ибҳомоти ҳаводиси сентябри 2015», ки дар яке аз сомонаҳои наҳзатӣ нашр гардидааст, мисоли гуфтаҳои болост.