Додоҷон Атовуллоев-Маҳатма Гандии тоҷик (Иқрори гуноҳ аз мардсолорӣ шаҳодат медиҳад)
Касе дар ин дунё орӣ аз хато нест. Он ягонае ки бе ниёз ва муназзаҳ аз гуноҳ аст, дар арши болост. Мардум бинобар мулоҳизаҳои гуногун, ҳар яке гаравише ва ё шубҳае дар дил дорад. Шоир басо ҳадафманд гуфтааст, ки: Ин чӣ ҳарфест, ки дар олами болост биҳишт, Ҳар куҷо вақте хуше ҳаст ҳамон ҷост биҳишт.