Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд (Тасвири равонии тавбаи М.Садриддин)
Аз хондани сарсатри аввали «тавба»-и пири салафиҳои минтақа Муҳаммадиқболи Садриддин, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо лақаби «писарандари дурӯғгуён» ном баровардааст, то андозае шод шудем. Вале бо мутоилаи сарсатри дуюм, рӯъёҳо аз гумроҳии ин салафӣ рафтанд. Ҳеҷ гап не, дари тавба боз аст ва боз орзу дорем, ки бо дарки иштибоҳот ва хатогиҳои худ, ҳатман дар рӯзҳои наздик ба маслиҳатхонаи миллӣ бармегардад. Аз он ки калимаи тавбаро бисёр холисона ба забон овардааст, маълум аст, ки аз кардааш пушаймон ва талабгори авф аст.