Рӯймол тоҷи зиннати зан аст
Ҳиҷобхоҳони бемаънӣ, ки ранги сиёҳро дар фарҳанги миллӣ пиёда карданӣ ҳастанд, бо муқобилати ҳавохоҳони масири миллӣ ва либоси асили миллӣ ру ба рӯ шудаанд. Ин беимонҳо миллатро сиёҳпӯш ва Ватанро мотамсаро карданӣ ҳастанд, ки хокашон ба хок хӯрда, рӯз то рӯз бо диди васеъ ва дили васеъ, занону модарони тоҷик атласпӯшу адраспӯш шудаанд. Кӯчабоғҳои Душанбе ба гулзори либосҳои ранг ба рангу зебои миллӣ оростааст, касро аз дидани ҳама ин зебоиҳо фараҳ мебахшад.