ИЗҲОРОТИ МУШТАРАК: Тоҷикистон ва Қирғизистон хоҳиш ва омодагии худро барои ҳалли ҳама масъалаҳо тавассути гуфтушунид изҳор карданд
30 апрели соли 2021 дар минтақаи озоди байни гузаргоҳи «Гулистон» ва гузаргоҳи «Кизил-Бел» мулоқоти гурӯҳҳои корӣ таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.С. Ятимов ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон Қ.Қ.Ташиев баргузор гардид, ки дар рафти он масъалаҳои ба эътидол овардани вазъ дар қаламравҳои сарҳадии ҳарду ҷумҳурӣ баррасӣ шуданд.