Воқеияти болоравии нархи интернет аз забони мутахассис
Дар воситаҳои ахбори умум баҳсҳо дар гирди тасмими Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми марти соли 2019, таҳти №31 «Дар бораи тарифҳои алоқаи барқӣ» оид ба боло бурдани нархи интернет идома доранд. Мухбири мо роҷеъ ба ин масъала суҳбате дошт бо мутахассиси соҳа – сардори Раёсати алоқа ва иттилоотонии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидов Ш.М., ки ҳоло манзури хонандагони гиромӣ мегардад.



