ТОҶИКИСТОН ВА ИТТИҲОДИ АВРУПО. САҲИФАИ НАВ ДАР ТАЪРИХИ МУНОСИБАТҲО
18.06.2019 www.jumhuriyat.tj
Рӯзҳои 29 - 30 майи соли ҷорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбони президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск буд, ки бо ташрифи расмӣ дар кишвар қарор дошт ва дар баробари муколимот ва гуфтугӯҳои судманд бо мақомоти олии давлатӣ, аз кӯли Сарез ва ноҳияи Дарвоз низ дидан намуд. Ташрифи расмии президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск роҳи муносиботи мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Иттиҳоди Аврупо дар марҳилаи нави таърихӣ ҳамвор сохт. Перомуни ин сафар рӯзноманигор Бахтиёри Қутбуддин бо коршиноси масоили сиёсӣ ва иҷтимоӣ, декани факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Холмаҳмад Самиев суҳбате анҷом додааст, ки манзури хонандагон мегардонем.



